Дар як сатр
» » НБО-и «РОҒУН»-кохи нур

НБО-и «РОҒУН»-кохи нур

20-03-2019, 08:36

...Бароталӣ Сайдалиев яке аз сохтмончиёни муваффақи Вахшонзамин буд. Аввал бетонрез, баъдтар сардори бригадаи бетонрезӣ шуда, дар бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш - "Сарбанд”, "Шаршар” ва "Марказӣ” фаъолона меҳнат кардааст. Бароталӣ Сайдалиев ҳангоми дар ҳаёт буданаш ба фарзандонаш чунин панд медод: "Инсонро ақл инсон мекунад, вагарна ба сурати бемаънӣ монанд мешавад. Беҳуда намегӯянд: "Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол”. Бикӯшед, дар ҳаёт бо кори нек номи нек боқӣ гузоред”.
Ҳаёти Бароталӣ Сайдалиев барои фарзандону наберагон ва ҳамкорон намунаи ибрат буд. Ба сифати бригадаи бетонрезон кор карда, супоришҳои ҳармоҳаро ба ҷо оварда, номаш вирди забонҳо мешуд. Дар бригада намояндагони миллатҳои гуногун: русҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо, қазоқҳо ва дигарон меҳнат карда, дар сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Шаршар» саҳм мегузоштанд. Кӯшишҳо, ҷаҳду талошҳои сохтмончиён натиҷа дода сохтмони Неругоҳи барқи обии «Шаршара» пеш аз муҳлат бунёд гардид. Сохтмончиён бо кори нек аз худ номи нек боқӣ гузоштанд...
Бароталӣ Сайдалиев ва шариконаш натанҳо дар бунёди неругоҳҳо, инчунин клубу китобхонаҳо, идораҳо, кино-театрҳо, манзилҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Вахш, мавзеъҳои навободи Қародум, Гароутӣ ва дигар мавзеъҳо бунёд намуда, ба водии зарнисори Вахш ҳусни тоза бахшиданд. Сафар фарзанди Бароталӣ Сайдалиев дар кори азхудкунии заминҳои бекорхобида дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои водии Вахш саҳми сазовор гузоштааст. Майдони корнамоиҳои меҳнатии ӯ васеъ аст. Мавзеъҳои Гароутӣ, Қародум, Қароланг, Гулистон, Тошробод ва ғайра.
-Маро ба сифати пешқадами истеҳсолот, - ҳикоят мекунад Сафар Сайдалиев, - чор маротиба ба Москва ба маҷлиси пешқадамон даъват карданд. Сазовори медали тиллоии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи кишвар ва Лауреати комсомоли умумииттифоқ гаштам.
Раҷабалӣ писари Сафар Сайдалиев касби падарро пеша карда, шуҳратёр гашт. Экскаваторчии ҷавон Раҷабалӣ аз падари хеш нозукиҳои ин касбро омӯхта, бо меҳнати пурсамар дар  қатори пешқадамон ҷой гирифт.
- Ман дар нақби эҳтиётии обпартои "Роғун” кор мекунам,-мегӯяд Раҷабалӣ Сайдалиев вақти суҳбат.-Имрӯзҳо "Роғун” ба сохтмони зарбдор табдил ёфтааст. Дар се баст беш аз бист ҳазор нафар коргарон, мутахассисон, муҳандисон кор карда истодаанд. Корҳои зеризаминӣ  ва рӯйизаминӣ вусъат гирифта, супоришҳои ҳаррӯза аз меъёр зиёд иҷро мешаванд.
 Сохтмончиён азм доранд, имсол як агрегати дигарро сохта ба истифода диҳанд. Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вақти ба истифода додани агрегати нахустини неругоҳ ба коргарон, мутахассисону муҳандисон рӯҳу илҳом бахшида, ба вусъати корҳо дар ин сохтмони бузурги аср мусоидат кард. Халқи арҷманди мо ҳиммати баланд дошта, бо мушкилнописандӣ ба комёбиҳои дилписанд соҳиб мешаванд.
НБО "Роғун” ифтихори мардуми  Тоҷикистон буда, бо дастгириву мадади  Ҳукумати кишвар, Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, ба рушди  иқтисодиёти кишвар мусоидат  мекунад.
Дар дохили нақби  эҳтиётӣ кор лаҳза ба лаҳза суръат мегирад. Экскаваторчӣ Раҷабалӣ Сайдалиев ба қатори мошинҳои дар навбатистода хок бор карда, супориши ҳаррӯзаро иҷро мекунад. Имрӯз фикру зикри сохтмончиён ба он равона гардидааст, ки мувофиқи нақша агрегати навбатӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шавад. Зеро баъди бунёди НБО "Роғун” кишвар пурра ба барқ таъмин гашта, як силсила корхонаҳои нави замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Ободонии Тоҷикистон, гулгулшукуфоии кишвар, пурра фаъолият кардани корхонаҳои гуногун ва ба ин васила беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ ба бунёди ин иншооти муҳташами аср вобас-та аст.
Дар НБО "Роғун” кор ҷӯш мезанад. Мошину экскаватору механизмҳо дар ҳаракатанд. Қатори мошинҳо ба дохили нақб  сангу шағал кашонда, нақлиётҳои дигар бошанд, хокро ба берун мекашанд. Муҳандисон, мутахассисон сифати корҳои иҷрошударо месанҷанд. НБО "Роғун” майдони ҳақиқии корзори меҳнатиро мемонад.
Сохтмончиён аз пайи иҷрои кори худанд. Дар қатори онҳо Раҷабалӣ Сайдалиев ҳам бо амри дил меҳнат мекунад. Кораш пеш рафт. Борҳо сазовори мукофотҳои коргоҳ гаштааст. Азму талош дорад, ки дар бунёди ин "кохи нур” саҳмгузор бошад. Бобояш Бароталӣ Сайдалиев дар бунёди неругоҳҳои барқи обии "Сарбанд”, "Шаршар” ва "Марказӣ” саҳм гузоштааст.
Раҷабалӣ Сайдалиев айни ҳол анъанаи неки падару бобобояшро давом дода, ба кори пурсамар натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда,  шуҳратёр гаштааст.
 
Б. Сайдалиев




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешвои миллат - эҳёгари НБО «Роғун»

Иқтисоду тиҷорат

«РОҒУН» САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст ...

Ҳокимияти давлатӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар талоши нур

Дар талоши нур

Ҳаёти иҷтимоӣ