Дар як сатр
» » Модар ғанимат аст, ба қадраш бирасед

Модар ғанимат аст, ба қадраш бирасед

9-03-2019, 06:17

Бо  шарофати Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 8-уми  март  ҳамчун Рӯзи   модар  эълон шуд, ки,  ин  пеш аз  ҳама, арҷгузорӣ ва таъкиди  махсусест  ба мақоми  баланди  зан ва  ҳамчун  изҳори меҳру  лутфу  сипос ба  вуҷуди  Офаридгор, ба  худфарсоиву  ҷоннисорӣ ва  муҳаббату  меҳрубонии Модар.

Дар  ҳамин фасли  сол ва ҷашни  фархундаи Модар,  модарҷонам мавлуд  доштанд. Аниқтараш,  8 мартро ҳамчун  рӯзи  зодрӯзаш ман   барои  модарам муайян  намудам, зеро дар  шиносномаи модарам   санаи таваллуд  қайд нашуда, танҳо  соли таваллуд  зикр  гардида буд.  Вақте  ки аз модарам зодрӯзашонро  пурсидам, дар  ҷавоб гуфтанд:  «Бибиат  аввали баҳор  мегуфт,  вале  рӯзашро  аниқ намедонам».

Модарам  фасли баҳор  ва  зебоию тозагиро  бениҳоят  дӯст медоштанд. Аз ин хотир, ман гуфтам: «Очаҷон,  аввали баҳор иди занон - 8 март аст, бигзор ин  рӯзро  зодрӯзи шумо гӯем  ва  мо- фарзандон минбаъд  ҳар сол  дар  ҳамин  рӯз назди шумо  сарҷамъ шавем». 

Ҳамасола  рӯзи  8 март  модарҷонам,  ки   кадбонуи   моҳир  буд ва махсусан хӯрокҳои миллиро хеле хуб омода мекард, бо ёрии  набераҳо дастурхон  меорост   ва мунтазири  фарзандон  мешуд. Мутаассифона, чунин ҳам мешуд, ки ман  рисолати  зан, модар ва коргар  буданамро аз  қарзи  фарзандӣ боло  гузошта,  дар  рӯзи  муайянкардаи худ, яъне   зодрӯз ва  хурсандии модарам   рафта  наметавонистам.

Аксар  вақт барои интизор накардани модар,  вақти  рафтанамро ба ҳамшира ва   ҷиянҳо мегуфтаму  ба  модарам не, ба  қавле  «сюрприз» мекардам.  Ҳангоми рафта натавонистан ба воситаи ронандаи нақлиёти мусофиркаш барояш ҳадяе мефиристодам. Баъди гирифтани туҳфаи ман ғамгин шуда  мегуфтааст: «Наомад-а? Медонам, роҳаш  дур  аст, як рӯз истироҳат дорад. Боз ҳадя фиристодааст. Охир,  дидори  шумо аз  ҳама  моли дунё  беҳтар аст. Худи  шумо бароям  туҳфаед».

Соли  гузашта, дар оғози фасли эҳёшавии табиат модарҷонам мубталои  бемории қалб гардиданд. Ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, духтару писар, келину домод, набераю абераю чабера, умуман, ҳама наздикону пайвандон ба  аёдаташ омада будем. Худ  гӯё  чизеро медонист, ки пайваста  ҳамаро мепурсид ва баъди ҳар дидорбинӣ шукри Офаридгор намуда,ҳамаро  худоҳофизӣ мекарду дуо медод.

Модарам дар Рӯзи модар дар бистари маризӣ буданд. Меандешидам, ки чун ҳарвақта ҳафтае бемор шуда, боз сар аз болини маризӣ мебардорад. Ӯ боз рӯйи по шуда, аз зебоиҳои фасли дӯстдоштааш баҳра мегираду аз сарҷамъ омадани фарзандонаш шод мешавад. Вале ҳайҳот, ин дард корашро кард. Модари ҷонамро аз байни мо рабуд. Дарк кардам, ки шахс дар назди аҷал бечора аст.

Инак, боз ба кишвари азизам баҳори нозанин омадааст. Аммо  азизтарин шахси рӯзгорам, маҳбубтарин инсони ҳаётам, беҳтарин устоди мактаби ҳастиям, нури чашму қуввати дилам-модарамҷонам  бо  мо нест. Баҳори умри ӯ хазон гашт ва дигар такрор намеёбад.

Ҳарчанд умр кӯтоҳу такрорнашаванда аст,  вале зиндагии модар дар хотироту зеҳни ҳар яки мо- фарзандон ва наберагону аберагон  идома дорад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Акнун худро маломат мекунам, ки аз пайи кору рӯзгори худ шуда, ба аёдати модарҷонам кам мерафтам. Ҳоло маро хумори модар мегирад, пазмони лаҳни ширин, дидори зебо ва маслиҳатҳояш  мешавам, афсӯс, ки ӯро дигар намеёбем.

Дар ин лаҳзаҳо он модароне пеши рӯ меоянд, ки фарзандашон ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, мардуми бегуноҳ аз ҷумла занонро ба қатл мерасонад, имрӯз ғамзадаю чашми гирён доранд, роҳи писар мепоянд. Ин фарзандон бояд дарк кунанд, ки фардо дер мешавад. Вақте ки модар аз дунё мегузарад, пушаймонии фарзанд дигар суде намебахшад.

 

Раҳёнгул Қурбонова,

шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ