Дар як сатр
» » Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд

Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд

8-03-2019, 07:15

- Ҳунар инсонро сарфарозу бахтёр мегардонад, - мегӯяд Момогул Давлатова, сокини шаҳри Левакант, ки ба ҳунару ҳунармандӣ машғул аст.

Муаллима шогирдонашро даъват ба он мекунад, ки умри худро беҳуда нагузаронанд. Бештари вақтро аз худ намудани касбу ҳунаре сарф намоянд, то дар оянда баҳри зиндагии хеш дастнигар нагарданд. Дар интихоби касб иштибоҳ накарда, ба касби дилхоҳу манфиатбахшро шуғл варзанд. 

Момогул Давлатова соҳибҳунар асту касби пурифтихор дорад. Ӯ омӯзгори фанни "Технология”-и литсейи №1-и шаҳри Левакант мебошад.

Бонуи ҳунар ҳамчунин дар ҳамаи чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ фаъолона ширкат намуда,  маҳсули ҳунарашро ба маъраз гузошта, харидорони худро дорад.

Ашк ЮСУФӢ,

шаҳри Левакант



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭЪЛОНИ ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»

Хабарҳо
Бонуи ҳунар

Бонуи ҳунар

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Хабарҳо
«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол…

Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол…

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ