Дар як сатр
» » Меҳриннисо - ситораи дурахшони саҳна

Меҳриннисо - ситораи дурахшони саҳна

6-03-2019, 01:12

«Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ эътибори доимӣ медиҳем».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

Санаи 7 сентябри соли 2009 барои Меҳриннисо Ҳоҷибоева, ҳунарманди театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рӯзи муборак буда, дар ҳаёташ як умр нақш бастааст. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ҳунармандони соҳаи фарҳангро бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд. Дар байни онҳо ин ҳунарманди театр низ буд. Сарвари давлат ба ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро супорид. Меҳриннисо барои чунин қадрдонӣ аз Пешвои миллат сипосгузор аст.

Меҳриннисо Ҳоҷибоева ба ҳайси ҳунарманди муваффақи театр ва овозхони хушовозу боистеъдод ба мардум ошност. Ӯ 40 соли умри бобаракати хешро ба театр бахшидааст. Ҳамин аст, ки театрро хонаи  дуюми худ хонда, аз он дил канда наметавонад. Дар ин боргоҳ бо истеъдоди худододӣ ва азму талошҳои зиёд ҳам  нони ҳалолу номи баланд ва ҳам бахти нек ёфт.

Бонуи ҳунарманд зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аст. Меҳри санъат ӯро баъди хатми мактаби миёна ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе овард. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода супурд. Баъди хатми он соҳиби ихтисоси актёри драма ва кино гардид. Бо ҳукми тақдир ба шаҳри Бохтар омад.

Ҳаёти минбаъдаи худро бо театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов пайваст. Меҳриннисо нахустин нақши офаридаашро ёдовар шуда чунин мегӯяд: «Асари  Султон Сафаров «Уқоб» буд, ки нақши Назокатро бозидам, Бо ҳамсабақонам дар Театри собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа се намоишнома: «Имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Хостгор»-и А. Чехов ва «Капилка»-и драматурги франсавӣ Эжен Лабишро пешкаши тамошобинон кардем. Ҳамин тавр, 21 хатмкардаи Донишкадаи санъати ҷумҳурӣ фаъолияти актёрии худро дар ин боргоҳи ҳунар оғоз намудем. Акнун театр мақоми касбӣ гирифта, соҳиби актёрони боистеъдод гардид».

Меҳриннисо, ки ҳамон вақт актрисаи ҷавон буд, аввалин ҳунарманди театр бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Ӯ он солҳоро пеши назар оварда мегӯяд: «Театр хонаи дуюми ман шуд, ман худро бе театр тасаввур карда наметавонистам. Ҳатто нахустфарзандам шашмоҳа буд, ман ба кор баромадам ва Парвизи хурдсолро бо худ ба сафарҳои ҳунарӣ мебурдам.

Ҳамкасбон нимшӯхиву нимҷиддӣ "Парвиз писари театр аст”, мегуфтанд. Ӯ гӯё дар театр калон шуд. Шояд ин муҳит буд, ки  меҳри санъаткорӣ дар қалбаш ҷо шуд ва касби ману шавҳарамро интихоб намуд».

М. Ҳоҷибоева то ба имрӯз ҳамчун актриса дар саҳна зиёда аз 80 нақш офаридааст. Ҳангоми суҳбат, дар омади гап, пурсидам: "Шумо дар бисёр намоишномаҳо нақши зани марди дигарро мебозед. Оё ҳамсаратон аз ин рашк намекунад?”. Аксарият нақшҳое, ки ман меофарам, таҳиягар ва когардонаш шавҳарам Бурҳониддин Раҷабов мебошад. Фаъолияти якҷояи мо дар театр дар асоси боварию якдигарфаҳмист, ки мо ба ин дараҷаи баланди ҳунарӣ сазовор гаштем.

Меҳриннисо дар театр нақш офарида, инчунин овозхон ва сарояндаи хушсалиқа ба шумор меравад. Ӯ мегӯяд, ки овозхонӣ ба ҳунари актёриаш кӯмак мерасонад. Махсусан, дар шашмақомсароӣ қобилияти баланди овозхонӣ дорад. Натиҷаи ҳамин буд, ки ӯ дар яке аз фестивалҳои фолклорӣ-этнографӣ дар давлати Лаҳистон ширкат варзида, санъату фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ намудааст.

М. Ҳоҷибоева аз ҳама лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу хотирмонро дар ҳаёташ ёдовар шуда, мегӯяд: «7 сентябри соли 2009-ум дар арафаи ҷашни Истиқлолияти ватан дар қатори дигар ҳунармандон шахсан аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро гирифтем».

М. Ҳоҷибоева имрӯзҳо серкор аст. Ӯ дар ин рӯзҳои баҳорӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ намоишномаи драматурги озарӣ У. Ҳоҷибеков бо коргардонии Бурҳониддин Раҷабов «Аршин Мололан»-ро пас аз 20 сол бо диди нав ва иштироки актёрони ҷавони умедбахши театр эҳё намуда, пешкаши тамошобинон намуданианд.

 

МузаффарМуродов,

бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тамошобинони театр меафзояд

Тамошобинони театр меафзояд

Фарҳанг ва адабиёт
Мавсими нави театрӣ

Мавсими нави театрӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»

«Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА