Дар як сатр

Соҳибкорзан

9-03-2019, 07:10

Маҳбуба Холбобоева соли 2018 "Бонуи муваффақи сол” дониста шуд. Ӯ ҳамчун соҳибкорзан фаъолият намуда, ба парвариши паранда – мурғи марҷон ва бедона машғул аст. Саршумори парандаҳои ӯ торафт зиёд мегардад. Ҳамчунин, Маҳбуба 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад, ки дар он барои кори парандапарварӣ зироатҳои ғалладонагӣ истеҳсол менамояд.

Соли гузашта ин бонуи муваффақ натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ба даст овард. Ҳамин буд, ки дар озмуни вилоятии «Соҳибкорзани муваффақ» иштирок намуда, аз рӯи дастовардҳои меҳнатии солонааш ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид ва бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардид.

- Ман, - мегӯяд Маҳбуба Холбобоева, - аз зиндагӣ қаноатмандам, аз бахти худ меболам. Шукронаи он мекунам, ки чунин давлати соҳибистиқлол дораму дар фазои он сулҳу ваҳдат танинандоз аст ва Сарвари мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, шаҳрвандон, баҳри зиндагии осоишта тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, соли гузашта бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ ба гранти президентӣ соҳиб гардидам, ки ин барои боз ҳам ривоҷ додани фаъолияти соҳибкориам шароит фароҳам овард. Ва барои ин қадрдонӣ ва дастгирӣ изҳори сипос менамоям.

Рӯзигул Қурбонова,

ноҳияи Балҷувон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Хатлон

Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Хатлон

Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ