Дар як сатр
» » Занон пешоҳангони арсаи меҳнатанд

Занон пешоҳангони арсаи меҳнатанд

8-03-2019, 06:08

Файзу баракати  ҷашни хуҷастаи Рӯзи модарон ба  ин  диёри сарсабзу биҳиштосо ва ҷойгоҳи фарзандони ватанпарвар нуру сафои нав овардааст. Ҳар фарди хештаншиносу меҳандӯст ифтихор дорад, ки дар ин сарзамини куҳанбунёду тозаистиқлол умр ба сар бурда, бо неруву матонати худ саҳме дар баландпоягии он мегузорад.

Бо фаро расидани фасли файзбори баҳор, ки оғозаш ҷашни бонувон аст, кишоварзон ба корҳои мавсимии тақдирсози сол - киштукор бо тайёрии комил оғоз мебахшанд. Бояд гуфт, ки модарон ҳарчанд дар ҷодаи  тарбияи фарзанд, донишманду хушахлоқ ба воя расидани онҳо  мақоми аввалиндараҷа дошта, бошад ҳам, дар баробари ин, файзи дастони онҳо дар бардоштани ҳосили баланди зироатҳо низ  дучанд аст.

Хоҷагии деҳқонии мо беш аз даҳ сол аст, ки арзи вуҷуд дорад. Бо меҳнати ҳалол ва маслиҳату нишондоди деҳқонзанон онро серсоҳа гардонидаем. Дар баробари кишти пахтаву сабзавот, инчунин, ба боғдорӣ гузаштаем, ки он баҳри ғанӣ гардидани дастурхони сокинони маҳал бо меваҷоти тару тоза ва ҳам хушк мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки чунин дастовардҳо натанҳо дар хоҷагии деҳқонии мо, балки  дар дигар   хоҷагиҳое, ки онро занон идора мекунанд, ба бор омадаанд ва аз файзу баракати дастранҷи саҳмдорони ноҳия ба муваффақиятҳои нав ба нави истеҳсолӣ муваффақ гашта, шарафи пешинаи худро ҳамчун ноҳияи шуҳратманди аграрӣ ва мавҷудияти мактаби таҷрибаи бойи деҳқонони асил барқарор хоҳад намуд.

Ш. Маҳмадиева,

хоҷагидор, ноҳияи А. Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

Ҳаёти иҷтимоӣ
САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ

Ёвон: тамоми сол маҳсулоти тару тоза

Арсаи кишоварзӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ
Баракат аз замини ризқофар

Баракат аз замини ризқофар

Арсаи кишоварзӣ