Дар як сатр
» » Қудрати мардафкани зан-модар

Қудрати мардафкани зан-модар

9-03-2019, 06:03

Зан, илова ба ҳама пайкору ҷабҳаҳои зиндагӣ, сангаре дорад, ки ҳамеша аз он музаффар берун омаданашро худаш медонаду ҳунари хастанашавандааш. Ин сангар, ин ҷабҳа ҳунари беназиру мардафкани дар ҳама ҳолат зан будан, зан мондан, ба рӯйи ҳама бадбахтиву нокомӣ ва беадолатӣ занона хандидану гиристан аст…

Бале, вақте шоҳиди баъзе қисматҳои ноҷӯри ҳаёти занону модарон мешавем, он гоҳ бовар мекунем, ки ба ҷуз зан ва модар касе тобу тавони бардошти чунин мушкилиҳоро надорад. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳое, ки дар худ дорад, ҷое, ки муҳити шодиёна дорад, механдаду шодишарики дигарон мешавад ва ҷое, ки мусибат аст, бо ёди ғамҳои хеш ашки талх мерезад.

Ибодат Ҷунайдуллоева, модари беназиру беҳамтои ду духтараки соҳибҷамоли 27 ва 28 сола - Ашӯрбӣ ва Ҳидоят мебошад, ки ҳар ду, ба амри тақдир, маъюбанд. Ибодатро, ба қавли худаш, шояд Худованд танҳо барои нигоҳубини ҳамин ду фарзанди дардмандаш офаридааст.

Сабаби маъюбии фарзандони ин модарро табибон дар никоҳи хешутаборӣ дидаанд. Сараввал, Ибодат фарзандонашро ба даст намегирифт, яъне баъди таваллуд онҳо фавт мекарданд. Баъдан, дар натиҷаи муолиҷаю дуохонӣ ҳамагӣ се духтарашро ба даст гирифту халос, ки аз инҳо ду нафараш солҳост, ки дар хонаи фақиронааш мустақилона роҳ гаштаю хӯрок хӯрда наметавонанд ва ҳатто ақли расо ҳам надоранд.

Модари бечора ашки талх мерезаду қисса мекунад: «Вақте духтаронам як-дусола буданд, пай намебурдам, ки онҳо маъюб мешаванд. Қадамҳои аввалинашонро баъди сесолагӣ гузоштанду зуд-зуд ба замин меафтиданд. Фикр мекардам, ки шояд аз камқувватӣ ё нарасидани калсий онҳо мустаҳкам нестанд. Баъдан, онҳоро қариб як сол барои маҳси пой ба маркази саломатӣ мебурдам, вале ин ҳам натиҷае надод. Оҳиста-оҳиста аҳволи онҳо бадтар шудан гирифт. Ҳамроҳи шавҳари ба қавли мардум «шӯрпешонаам» онҳоро ба Душанбе барои ташхис бурдем. Нишонаи ин бемориҳоро табибон аз никоҳи хешутабории мо маънидод карданд. Мо дигар рӯ ҷониби Худованд кардем».

- Сахт метарсам, аз он рӯзе, ки мабодо ману ҳамсарам пеш аз фарзандон вафот кунем, - идома медиҳад модари ранҷбар. - Онҳоро кӣ нигоҳубин мекунад? Ман зан ҳастаму баъзан бо ашк рехтан худамро сабук месозам ва назди ҳамсояҳо дардамро камтар ҳис мекунам. Аммо дилам ба шавҳарам сахт месӯзад, зеро ӯ мард аст ва наметавонад мисли ман назди ҳама ашк резад. Табиати мардон чунин аст.

Ҳамсари Ибодат ба бемории қалб ва қанд гирифтор асту аз дидани аҳволи духтаронаш зиёд ғамгин мешавад. Дарди фарзандон қалбашро фишор дода, ҳатто боре ба сактаи дил ҳам мубтало шудааст. Бо вуҷуди бемор буданаш падар барои пешбурди зиндагии хонавода, ки ба ҷуз ӯ дигар дастёре надорад, кор мекунад.

Нафақаи фарзандони маъюби ин оила, ки ҳар якеаш ҳамагӣ 195 сомониро ташкил медиҳад, ба қавли Ибодат, барои доруву дармони духтарон, ки зуд-зуд бемор мешаванд ва дигар чизҳои лозима, намерасад. Ин модари муштипар аз ҳамсоязанони наздику кумакрасони худ дар кӯчаи «Ваҳдат-1»-и шаҳри Бохтар, ки занҳои меҳрубону босахоянд, миннатдор аст. «Бовар кунед, назди онҳо қарздорам, ҳамон гуна, ки як фарзанд пеши модар қарздор аст. Зеро онҳо ҳар рӯз ҳангоми бардоштани фарзандонам ба ман бе ягон баҳона ва изҳори норозигӣ кумак мекунанд», - мегӯяд Ибодат.

Бузургии ин модарро бинед, ки гоҳе фарқи шабро аз рӯз танҳо дар торикию равшанӣ мебинаду ҳис намекунад, ки шаб барои истироҳату рӯз барои заҳмат кашидан аст. Зеро Ашӯрбию Ҳидоят, ки аз ҳамдигар ҳамагӣ як сол фарқ мекунанд (яке соли таваллудаш 1990 ва дигаре 1991 аст), баъди дар бистар хобидан ҳатто ба паҳлу гашта ҳам наметавонанд. Инак, қариб 28 сол мешавад, ки Ибодат ҳар шаб посбони хоби ҷигарбандонаш аст.

- Садои онҳо он қадар дар гӯшҳои ман сабт гаштааст, ки агар як дақиқа ба рӯйи ҳавлӣ ё барои об кашондан ба хонаи ҳамсоя равам, фикр мекунам, ки маро фарёд зада истодаанд, - изҳор медорад модар. - Ашӯрбӣ гарчанде аҳволаш нисбат ба Ҳидоят бадтар аст, каму беш маро мефаҳмад, аммо Ҳидоят зуз-зуд қаҳр мекунаду асабӣ мешавад.

Ибодат, ки 51 сол дорад, ҳама умри ҷавонашро танҳо фидои ин фарзандони маъюбаш кардааст. Мисли дигар занон на ба тӯй мераваду на ба маърака, ҳатто ба дидорбинии падару модари пираш ҳам рафта наметавонад. Умед дорад, ки ҳама аҳли байташ вазъи ӯро дарк мекунанду аз вай гиламанд нестанд, чун аз шароити доштаи Ибодат хабардоранд. «Ман агар як фарзанди маъюб медоштам, шояд ӯро дар аробача гирифта, ба ягон ҷо мебурдам. Аммо ду нафарро наметавонам ба ҷое барам. Духтари хурдиам, ки кумакрасонам буд, соле қабл, сад шукр, ки солим буд, ба шавҳар баромад. Нахостам, ки ба бахти ӯ зомин шавам», - мегӯяд модар.

Борҳо барои кумак ба чанд ҷо муроҷиат намуд. Ба Ибодат пешниҳод кардаанд, ки духтарони маъюбашро ба хонаи маъюбон супорад, аммо, табиист, ӯ ин пешниҳодро қабул карда натавонист. Гарчанде азоб мекашаду чун дигар занҳо зиндагӣ карда наметавонад, аз сарнавишташ розист ва шукрона мекунад.

Шукронаи фарзандон мекунам, - зикр кард Ибодат. – Дар ибтидои зиндагии муштарак бо ҳамсарам тифлони навзодамро аз даст медодам, онҳо дар чандмоҳагӣ вафот мекарданд. Аз ҳамин хотир, мани муштоқи фарзанд аз духтарони маъюбам дур будан намехоҳам. Онҳо баҳонаи зиндагии ман ҳастанд. Шояд фарзандони маъ-юбимкони ҳарфи муҳаббате гуфтан ба маро надоранд, аммо ҳис мекунам, ки онҳо маро дӯст медоранду ягона умеди зиндагиашон ҳастам. Шояд ҷисми нотавону дардманди онҳо ҳарорати дастони модаронаи маро эҳсос мекунанд. Метарсам, ки баробари дур шудан аз ман онҳо ноумеду бемортар нашаванд.

Ибодат дар интиҳои суҳбат танҳо ҳаминро афзуд, ки ҷавонон барои издивоҷ бояд саросема нашаванд, ҳамдигарро бишносанд, аз ташхиси тиббӣ гузаранд, то ин ки дар оянда насли солим ба дунё оваранду ҳаёти фарзандонашон саропо ба ғам нагузарад.

Вақте чунин модарони худфидоро мебинем, бори дигар ба ҳақиқати маънии мисраъҳои шоир дармерасем, ки дар ду ҷаҳон ҳам ранҷи якшабаи модарро наметавон баркашид.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
4 таронаи дил. Барои модар

4 таронаи дил. Барои модар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ