Дар як сатр
» » Достони ибратомӯзи Давлатой

Достони ибратомӯзи Давлатой

8-03-2019, 07:01

Имрӯз шумораи занони босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ дар Тоҷикистон зиёд аст. Бонувони тоҷикро на танҳо чун сиёсатмадори пуртаҷриба, донишманди асил, табиби ҳозиқу устоди роҳнамо, балки чун сарвари муваффақу соҳибкори саховатпеша низ мешиносанд, ки ин мояи ифтихори мо мебошад. Занони фаъ-олу кордонро, барҳақ, зевари миллати сарбаланди тоҷик меноманд, чун рушди кишвар аз ҳушмандии занон, тасмимгирии дурусти онҳо дар оила ва ҷомеа ибтидо мегирад.

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ба занони аз нигоҳи иқтисодӣ ғайрифаъол ҷиҳати ташкил ва пешбурди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои хурд ба воситаи ҷудо кардани грантҳо, омодашавии касбӣ ва омӯзонидани роҳу усулҳои боровари тиҷорати хурд имконият фароҳам меорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии давлат имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Хатлон, тибқи омори расмӣ, наздик ба 30 ҳазор зан озодона ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Яке аз чунин соҳибкорзанони муваффақ Давлатой Бекназарова аз ноҳияи Вахш мебошад, ки тавассути меҳнати ҳалол тавонист азиятҳои рӯзгорро ба хушбахтӣ табдил диҳад.

Сарнавишти Давлатой сужаи филми драматикиеро мемонад, ки воқиф шудан аз он касеро наметавонад бетараф гузорад. Роҳи пуршебу фарози рӯзгори ин зани сабуру қавиирода ва машаққатдида нишон дод, ки ӯ дар ҳақиқат нусратбахши зиндагии аҳли хонаводааш мебошад.

Мушкилоти зиндагии ин зани тоҷик баъд аз панҷ соли ҳамзистӣ бо Бегиҷон Бекназаров оғоз меёбад. Соли 2001 дар натиҷаи суйитафоҳуме шавҳари ӯ аз озодӣ маҳрум мешавад. Давлатой он замон бо кӯдакони 4-сола ва 1,5-моҳааш дар хонаи хусуру хушдоман мемонад. Баъдан, падараш Давлатой ва кӯдаконашро ба хонаи худ бурда, то соли 2009 онҳоро бо нафақапулии модар нигоҳубин мекунад.

Шароит маҷбур месозад, ки Давлатой кӯдаконашро ба модараш гузошта, ба санбӯсафурӯшӣ машғул шавад. Ин кор дер давом накарда, хонашин мешавад. Бепулӣ ва ҳамзистӣ бо ҳамсарони бародарон Давлатойро рӯҳан азият медод, аммо илоҷ надошт, сабр мекард.

Бар замми ин, ӯ ҳар замон ғизо гирифта, ба маҳбас мерафт ва шавҳарашро хабар мегирифт. Нигоҳубин ва тарбияи фарзандонаш Шаҳригул, Меҳрангез, Шарифбек ва Мадина барои Давлатой гарон афтод.

Ӯ чанд соли ҳаёти оилаашро пурпечутоб ва дар ҳоли дарбадарӣ гузаронида, оқибат дар хона ба дӯзандагӣ рӯ меорад. Соли 2009 падараш барои ӯ ва фарзандонаш замин гирифта, хонаи хоксоронаи гилин месозад. Бо дӯхтани либосу кӯрпа ва болишт барои ҳамсояҳо Давлатой кам-кам пул меёфтагӣ шуд.

Дар ибтидои соли 2016 Давлатой Бекназароваро раиси маҳалла ба омӯзиши серӯзаи оғози тиҷорат, ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкил карда шуд, даъват намуд.

Ҳамин тавр, Давлатой Бекназарова худро ҳамчун зани фаъол ва ташнаи омӯзиш нишон дода, баъдан дар тренингҳои касбии қуроқдӯзӣ, такмили ихтисос, форуму ярмаркаҳои соҳибкорон дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳрҳо иштирок намуд. Ин имкон дод, ки ӯ малакаашро васеъ намуда, ҳамзамон маҳсули дастранҷашро ба фурӯш гузошта, даромади бештар ба даст орад.

Ҳамакнун, Давлатойро бо ҳамёну сумка ва маҳсулоти куроқиаш, ки сифати хуб доранд, мешиносанд. Ба қавли Давлатой, вай ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 100 доллари ИМА аз дӯзандагӣ фоида мебинад ва агар кӯшиш кунад, мумкин аст аз ин бештар даромад гирад. 

Давлатой Бекназарова ҳамчунин дар омӯзиш барои тренерон ҳам иштирок намуда, малакаи омӯзгориро омӯхт. Моҳи феврали соли 2017 Давлатой аввалин бор ба 15 нафар занону духтарони хонашину дӯзанда 6 рӯз тренерӣ карда, қуроқдӯзиро ёд дод ва 240 доллари ИМА маош ҳам гирифт. Ҳамин тавр, ӯ қадамҳои аввалини худро ба ҷодаи соҳибкорӣ гузошт.

Давлатой ва ҳамсараш, ки солиёни зиёд дар шароити нохуби иҷтимоӣ умр ба сар мебурданд, имрӯз худро хушбахт меҳисобанд ва зиндагии осоишта доранд. Онҳо дар якҷоягӣ духтари калониашонро бо тӯю тамошо ба шавҳар доданд. 

Ҳамакнун Давлатой пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар оянда дар деҳааш сехи дӯзандагӣ бунёд намояд.

Давлатой нишон дод, ки ҷаззобияти зан на дар зебоӣ, балки дар энержии ӯст. Шоири маъруфи фаронсавӣ Шарл Бодлер гӯиё маҳз дар васфи Давлатой барин занони шуҷоъ, кордон ва чирадаст гуфтааст: «Зан, воқеан, даъватномаи саодат аст!»

 

М. НОСИРҶОН,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Лоиҳа бо муваффақият ба анҷом расид

Лоиҳа бо муваффақият ба анҷом расид

Ҳаёти иҷтимоӣ
Иқдоме, ки ба пайравӣ меарзад

Иқдоме, ки ба пайравӣ меарзад

Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА