Дар як сатр
» » Боварии сарварро нигаҳ дорем

Боварии сарварро нигаҳ дорем

8-03-2019, 06:59

Мо-ҷавонони Тоҷикистон шарафмандем, ки беҳтарин даврони ҳаётамон ба даврони эҳёи давлати навини миллии тоҷикон  ва роҳбарии  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рост омадааст.

Касби ман боиси ифтихори ман аст, зеро ҳангоми иҷрои вазифаи муқаддаси омӯзгорӣ ҳамчун як фарди зодаи даврони истиқлол, ҳамчун як ҷавоне, ки аз мактаби Пешвои миллат сабақи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқатмандӣ омӯхтаасту меомӯзад, метавонам ба шогирдонам дарси одамгарӣ ва хештаншиносиро таълим дода, ба онҳо ҷасорату матонат ва фидокориҳои бемисли қаҳрамонони миллатро талқин намоям.

Пешвои миллат бо боварӣ ба неруи созандаи ҷамъият-ҷавонон ва саҳми бевоситаи онҳо дар ҷомеа дар Паёми навбатиашон фармудаанд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем».

Мо-ҷавондухтарони ватандӯсти ноҳияи Ёвон ин нуктаро сармашқи кори худ намуда,  азму ирода бар он дорем, ки бо ақлу ирода, андешаи пок, ҳисси баланди садоқатмандӣ ва ору номуси бегазанди тоҷикона дар тамоми соҳаҳо талош варзида, ҳомӣ ва номбардори Ватани ба ҷон баробари худ бошем.

Ба ҷавонони гумроҳе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда дар ҷангҳои давлатҳои бегона даст ба куштори одамони бегуноҳ мезананд, муроҷиат карда мегӯям: «Ба ватан баргашта, онро обод кунед!»

Фарзона Темурова,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтихор аз пеша дорам

Ифтихор аз пеша дорам

Маориф ва илм
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мемонем

Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мемонем

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо