Дар як сатр
» » Беҳтарин сарояндаи аллаи модар дар «фаровон - қӯрғонтеппа»

Беҳтарин сарояндаи аллаи модар дар «фаровон - қӯрғонтеппа»

5-03-2019, 05:58

2 марти соли 2019 дар бозори "Фаровон Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар  бахшида ба Рӯзи модар ва солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Валодат Ҳакимова ва намояндаи бозори шаҳр Сафармо Ғуломова таҳти унвони "Беҳтарин сарояндаи аллаи модар” миёни  соҳибкорони   бозор чорабиние дар сатҳи баланд баргузор гашт.

Мақсад аз ин чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани насли наврас, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, эҳёи ҳунари аллахонӣ миёни занон, ҳавасмандгардонии занони эҷодкору ҳунарманд ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи модар иборат буд. Дар  чорабинӣ   занони фаъоли ташкилоти ибтидоии "Фаровон Қӯрғонтеппа” ва шахсони ҳунарманди соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ Валодат Ҳакимова қайд дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуд. Пайдост, ки бисёр модарону бонувони тоҷик баробари дар тарбияи   кӯдак таҷрибаи калон доштан, боз фурсат ёфта, ба ҳунарҳои гуногуни миллӣ шуғл меварзанд. Аз ин лиҳоз   ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи модар ва ҳунарҳои мардумӣ байни занони соҳибкор таҷлил гардид.

Иштирокдорони озмун ва ҳакамон ба намоиши  ҳунарҳои зардӯзӣ, чакандӯзӣ, бофандагӣ, табақтарошӣ, асбобҳои миллии мусиқӣ, ороиши дастархони миллӣ, бастани кӯдак дар гаҳвора, тарзи печонидани кӯдак, суруди алла, истиқболи тоҷиконаи меҳмонон ва ғайраҳоро баҳо доданд.

Ғолибони ҷойҳои якум модари хуштолеъ Савригул, дуюм Қурбонова Нисо ва ҷойи сеюм Кабутова Гулистон бо сипосномаи ҲХДТ ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин, ҳунармандон Алиева Гулистон бо сароидани суруди алла, Одинаева Малика ва Табаров Акбар, ки дар он ҷо заҳмати дастонашонро ба намоиш гузошта буданд, бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Умед аст, ки гузаронидани чунин маъракаву чорабиниҳо дар таҳкими ҳунарҳои милливу мардумӣ дар оянда такони ҷиддӣ хоҳад дод.

 

З. Худойдодова,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФЕСТИВАЛИ «СУРУДИ МОДАР - АЛЛА»

Хабарҳо
«Тоҷикфилм» - ғолиби озмун

«Тоҷикфилм» - ғолиби озмун

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ