Дар як сатр
» » Модар давлати фарзанд аст

Модар давлати фарзанд аст

7-03-2019, 07:56

Модар муқаддастарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар буд, ки моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба камол мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти фарзанд аст. Ӯ дар ин мактаб тарбия ёфта, муттакои волидон мегардад.

Модар пайваста дар ёди фарзанд аст. Намехоҳад ба пойи ӯ хоре халад. Тансиҳатӣ ва зиндагии осуда ва хушбахтии фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад, модар…

Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешавад, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ модарро бо он ҳама дилсӯзӣ меҳру муҳаббаташ намерасем ва гоҳо носипосиҳоеро баҳраш раво медорем. Ҳар амал пушаймонӣ дорад. Мо низ аз носипосиҳои худ рӯзе, яъне баъди аз ҳаёт гузаштани модар дарк мекунему пушаймон мешавем. Вале, ҳайҳот, ки дер мешавад, хеле дер. Афсӯс, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонем...

Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса касб кардааст. Пайғамбарону анбиё ва шуаро симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Шоири тавоно Низомии Ганҷавӣ ин ҳадисро дар пироҳани назм чунин овардааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Бемуҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт ва шуҳратёр мегардад:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар…

Ҳама пайғамбарону анбиё, олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин шахсияти бебаҳоро донад.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФЕСТИВАЛИ «СУРУДИ МОДАР - АЛЛА»

Хабарҳо
Дунёи туро ёд орам, модар!

Дунёи туро ёд орам, модар!

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
4 таронаи дил. Барои модар

4 таронаи дил. Барои модар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тавлиди тифл баъди 17 соли интизорӣ

Тавлиди тифл баъди 17 соли интизорӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ