Дар як сатр
» » Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

6-03-2019, 07:54

Оила муқаддастарин  макон барои инсон аст ва як рукни муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Духтароне, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд, рӯзи тӯйи арӯсӣ зеботарину нафистарин пироҳанро ба бар мекунанд. Ҳангоме, ки нахустқадам ба хонаи бахти хеш мегузоранд, бояд нотакрору фаромӯшнопазир бошад. Аз ин рӯ, ҳар як бону қабл аз тӯй аз пайи дарёфту омода намудани сару либоси арӯсӣ мешавад. Дар шаҳри Норак гулдухтарон пироҳани арӯсии хешро ба ҳунарманд Гулбӯй Воҳидова  мефармоянд.

Гулбӯй Воҳидоваро сокинони шаҳри Норак хуб мешиносанд. Ин бонуи ҳунарманди чирадаст ба ҷавониаш нигоҳ накарда, соҳибкасбу соҳибэҳтироми ҳамагон гаштааст. Гулбӯй Воҳидова хатмкардаи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон буда, соҳиби се фарзанди дӯстрӯяк аст. Соли равон барои Гулбӯй ва сокинони шаҳри Норак соли махсус аст. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи ҷумҳуриявии хуҷастапай дар Норакшаҳр таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, Гулбӯй Воҳидова низ аз ин рӯйдоди таърихӣ фараҳманд буда, кӯшишу талош ба харҷ медиҳад, ки барои омодагии ҷашни Наврӯзи байналмилалии ҷумҳуриявӣ бештар кӯшиш намояд. Ин шабу рӯз Гулбӯй Воҳидова серташвиш аст, зеро гулдухтарони Норакшаҳр ва бонувон барои ҷашни Наврӯзи Аҷам пироҳанҳои гулдӯзӣ, чакану попурӣ дархост намудаанд. Вақте ки аз маркази касбомӯзии бонувони шаҳри Норак дидан намудем, Гулбӯй Воҳидоваро машғули кор дарёфтем.  Ӯ бо ҳавсалаи зиёд машғули  омода намудани либосҳои Наврӯзӣ буд. Ба яке либоси гулдӯзӣ ба дигаре попурӣ ва саввумӣ бошад, пероҳани хушдӯхти ҳозиразамони атласу адрас омода менамуд.

Як пора матоъ дар дасти инсони пурҳунар сад рангу тобиши дигар пайдо намуда, касро ба олами  рангини табиати нотакрори диёр, гулистони пурнақшу нигор, обҳои софи  чашмасорон мебарад. Ӯ нақшу нигори миллиро  бо тарзи муосиру мудди  ҳозиразамон омехта, пироҳанҳои ҷолибу зебо омода менамояд, ки ҳаводорони зиёд дорад. Дар ҳақиқат ин бонуи ҳунар кӯшиш менамояд, ки пироҳани омоданамудааш зебою шинам бошад ва мақбули мизоҷон  гардад. Дар ин баробар даҳҳо нафар гулдухтарони шаҳри Норакро ҳунар омӯзондаву бо ҷойи кор таъмин намудааст. Беш аз 120 нафар бонувонро ройгон касби дӯзандагиву дигар ҳунарҳои мардумӣ омӯзондааст. Дар оғози соли хониши 2018 бошад, ба  хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ либоси мактабӣ омода намудааст. Либосҳои мактабии дӯхтаи Гулбӯй Воҳидова шинаму зебо буда, ҳаводорони зиёде дорад. Ин бонуи ҳунар, модари ғамхор бо саховатмандиву некандешиаш дар шаҳри Норак ном баровардааст.  40 нафар толибилмонро аз оилаҳои камбизоат бо либоси мактабӣ ройгон таъмин намуд, ки арзиши ҳар як сару либоси омоданамуда 250 сомонӣ буд. Гулбӯй дар озмуну чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ ширкат варзида, соҳиби туҳфаҳои пуливу молӣ гардидааст.

Соли 2018 ҳамчун соҳибкори муваффақи сол дар шаҳри Норак дониста шуд. Шавҳараш Исматулло корманди мақомоти андоз мебошад. Ин оилаи ҷавону умедбахш дар тарбияи фарзандон низ масъулияти бештаре дарк менамоянд. Пайваста фарзандонро дар руҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ тарбият менамоянд. Айни замон ин модари ҷавон вале соҳибҳунар ва соҳибэҳтиром, аз он меболад, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ  солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст. Зеро ин иқдоми Роҳбари давлат имкон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ бештар рушд намояду ҷаҳониён аз он баҳравар шаванд. Аз ин рӯ, Гулбӯй Воҳидова азму талош дорад, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошаду боз садҳо нафар бонувони хонашинро соҳибҳунар намояд.

Аз амалҳои неки Гулбӯй барин бонуҳои ҳунарманд кас хушҳол шуда, ифтихор мекунад. Мутаассифона, боз бонувоне ҳастанд, ки шомили гурӯҳҳои террористӣ шуда, дар ҷангҳои давлатҳои бегона иштирок доранд. Ин амал зеби бонуи тоҷик нест. Онҳо бояд дар ватани худ бо ҳунари фоидабахш шуғл варзида, фахри волидон бошанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро  зебосанами  кӯлоб  соҳиб шуд

Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро зебосанами кӯлоб соҳиб шуд

Ҷавонон ва варзиш