Дар як сатр
» » Зан-равшангари айём

Зан-равшангари айём

9-03-2019, 07:50

Тифли ширинрӯяку дилҷӯ рӯзи 27-уми феврали соли 1964 дар деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён ба дунё омад. Он рӯз хурсандии хонаводаро поён набуд. Ин тифлаки дерининтизорро бо ҳамфикрии аҳли оила Шаҳриннисо ном гузоштанд. Ба он мақсад Шаҳриннисо гузоштанд, ки ӯ дар ҷодаи зиндагӣ ба муваффақиятҳои баланди маданию маърифатӣ сазовор гардад. Вожаи шаҳриро ба он гуна, ки ӯ аз деҳоти кучак ба шаҳре ворид гардад, ки он ҷо пур аз фасонаҳову бурдбориҳост. Дар ҳама давру замон аз деҳот дида дар шаҳрҳо ободонию созандагиҳои бепоён дида  мешавад. Ва бо он ният, ки ин духтарчаи чеҳрахандони дӯстдоштанӣ шояд рӯзе шаҳрванде аз гӯшаи шаҳр гаштаву корманди шаҳр гардад. Ҳамин тавр, Шаҳриннисои кӯчак рӯз то рӯз бузург гашта, ба худ орзуҳои рангинро тасаввур менамуд. Ӯ таълиму тарбияи аввалинро аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Ҷамоати деҳоти «Заргар» гирифт. Шаҳриннисои кӯчаку ташнаи илму маърифат орзу намуд ва дар назди худ мақсад гузошт, ки дар оянда ӯ ба   халқу ватанаш хизмат намояд. 

Баъди хатми мактаби миёна аз сабаби монеа шудани падараш ӯ аз орзуҳои деринтизораш боз монд. Чунки он солҳо волидони деҳотӣ фарзандонашон, алалхусус духтаронашонро ба хондан ба шаҳр ва донишкадаҳо намемонданд. Яке аз сабабҳо ин буд, ки мегуфтанд, ки духтарро чиву хонданаш чӣ!-гӯё ҳазорон Шаҳриннисо барин духтаронро ноумеду ғамгин сохта буданд. Шаҳриннисо ҳам яке аз он ноумедшудагон гашт. Аммо ӯ  рӯҳафтода нашуд. Дар дилаш заррачаҳои умед равшанӣ меафзуд.

Соли 1980 мактабро ба сарбаландӣ хатм намуд. Баъдтар дар "Фабрикаи 50-солагӣ”-и шаҳри Бохтар ба ҳайси "буранда-тарроҳ” аз соли 1981 то 1994 кору фаъолият кард. Ӯ дар кори худ шахси масъулиятнок ва кордӯст буд. Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарияти фабрика ба ифтихорномаҳои фахрӣ, раҳматномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд. Завқи баланди ӯро ба роҳи обрумандӣ бурд. Дар ҳалқаи оила ва коргарони коргоҳаш нуфуз ва обрӯ ёфт.

Баъди оиладор шуданаш Шаҳриннисо ба мақсади асосии худ расид.  Бахт ба рӯи Шаҳриннисо Шералиева дубора хандид. Хонаводаи шавҳараш барои ба донишгоҳ дохил шуданаш иҷозат доданд.

 Ӯ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар факултаи филологияи тоҷик дохил шуд. Бо сарбаландӣ донишгоҳро хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ ӯро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар дар шуъбаи умумӣ ба кор фиристоданд. Корро бо масъулият ва самимӣ пеш мебурд. Баъди 3 сол аз сабаби кори намунавиаш,  ӯро аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо дархости мақомоти прокуратураи шаҳри Бохтар ба таври гузариш ба вазифаи мутахассиси дараҷаи баланд ба кор гирифтанд.

Аз соли 2001 то инҷониб ба вазифаи мутахассиси дараҷаи олӣ дар мақомоти прокуратураи шаҳр кору фаъолият карда истодааст. Ӯ хизматчии давлатии маъмурӣ мебошад.

Аз сабаби солҳои зиёд дар мақомоти прокуратура дар баробари  мардони меҳанпарвар истодагарӣ карда хизмати ватан мекунад, ватан ҳам хизматҳои шоёни ӯро қадр кардааст. Бо Фармони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо ордени ҷашнии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст. Дар баробари ин ҳамчун корманди фаъоли прокуратура бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гаштааст.

Шаҳриннисо бар замми  корманди  прокуратура буданаш, боз модари меҳрубону сахтгир  низ ҳаст. Дар ҳалқаи оила  ва корхона эътибори худро дорад. Ӯ модари намуна дар ҷамъият ба ҳисоб меравад, ки фарзандонашро дар роҳи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намудааст. Ҳамаи заҳматҳоро ба дӯш гирифта, 3 фарзанди дӯстрӯякро ба воя расонида, соҳиби илму дониш гардонидааст.

 

ИдимоАвзалова




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Омӯзгор - калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар

Омӯзгор - калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар

Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА

18 НАФАР БО ДИПЛОМИ ДДҚ БА АСКАРӢ РАФТАНД

Хабарҳо
Замин баракати зиндагист

Замин баракати зиндагист

Иқтисоду тиҷорат
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Бонуи равшанзамир

Бонуи равшанзамир

Чеҳранигорӣ