Дар як сатр
» » Якдигарфаҳмӣ - бақои оила

Якдигарфаҳмӣ - бақои оила

12-03-2019, 07:48

Оила яке аз рукнҳои асосии ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, пойдорӣ ва бақои он ба  мустаҳкамии он вобастагии қавӣ дорад. Ин аст, ки дар ҳар давру замон бузургону сиёсатмадорон ба оила эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар ин бахш қарору қонунҳои дахлдор қабул гардида, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба ин хотир давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдошт ва пойдории оила як зумра тадбирҳо андешиданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Аз қабули қонуни мазкур  8 сол сипарӣ гашт. Ҳаёт, зиндагӣ дурустии онро нишон дод. Чуноне аз мушоҳидаҳо бармеояд, масъулияти волидайн ва фарзандон нисбати оила хеле боло рафт.

Бо мақсади беҳдошту таҳким бахшидани оила бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» эълон гардида буд. Ин самари нек дод. Давоми сол кори тарғибу ташвиқ, корҳои оммафаҳмонӣ ривоҷ ёфта, ҳар гуна озмунҳо, аз қабили «Оилаи беҳтарин» дар ҳар шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.

Банда роҳбарии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархорро ба уҳда дошта, солиёни зиёдест, ки дар ин самт фаъолият менамоям. Чуноне аз рақамҳо бармеояд ва дар кори ҳаррӯзаам мушоҳида мекунам, имрӯз ба масъалаи оила ва оиладорӣ аз ҳарвақта дида, бештару беҳтар аҳамият дода мешавад. Дар ин самт манъ доштани никоҳи хешу таборӣ, қабл аз баргузории никоҳ гузаштани арӯсу домод аз муоинаи духтур, як моҳ қабл аз никоҳ муроҷиат кардан ба шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз навгониҳоест, ки имрӯз мувофиқи қонун роҳандозӣ гардидааст.

Ин тадбирҳои зарурӣ имкон дод, ки оила, чи аз ҷиҳати маънавӣ ва чи аз ҷиҳати тиббӣ, хубтару беҳтар бунёд гардад. Чаро ки солҳои қаблӣ аксарияти навзодҳои аз никоҳи хешутаборӣ ба дунёомада бо нуқсонҳои модарзодӣ тавлид мешуданд.  Ва имрӯз аллакай ин тадбири андешидашуда нақши неки худро гузошта истодааст.

Мо, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, минбаъд низ ба он диққат хоҳем дод, ки ҳангоми бақайдгирии оилаҳои навбунёд, масъулияти баланд эҳсос намуда, тамоми нозукиҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои қонунҳои қабулгардидаро риоя намоем, дар кори ташкили оилаҳои мустаҳкаму пойдор саҳми муносиб гузорем.

Инак, дар Рӯзи модар ба кулли бонувони кишвари азизамон, аввало тансиҳатӣ, табъи хуш ва дар кори тарбияи насли наврас ва ҷавонони хуштолеамон ком-ёбию муваффақиятҳо орзу намуда, Рӯзи модаронро табрик мегӯям.

Низорамоҳ РАҲИМЗОДА,

мудири бахши сабти асноди ҳолати

шаҳрвандии ноҳияи Фархор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИҶА МЕДИҲАД

Хабарҳо
З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ