Дар як сатр
» » Ифтихор аз пеша дорам

Ифтихор аз пеша дорам

11-03-2019, 07:45

Дар зиндагӣ ҳар шахс пешаеро интихоб мекунад, онро меомӯзаду давоми зиндагӣ аз пушти он нон мехӯрад. Вале зиндагӣ танҳо ин нест. Бояд чуноне амалкард, ки байни коллектив, байни ҷомеа обрӯ дошта бошӣ, вагарна дар сояи дигарон сояи худро намебинӣ.

Омӯзгорам, зиёда аз 30 сол аст, ки ба толибилмон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯям.

Соли 1981 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм намудам. Бо роҳхат ба ноҳияи Восеъ ба кор омадам. Фаъолияти кориам аз зинаи поёнӣ оғоз ёфт. Он вақт сарвари пешоҳангони мактаб шуда кор мекардам. Бо кори омӯзгорӣ аз наздик шинос шудам. Ва бояд бигӯям, ки он вақтҳо дар мактаби мо як зумра муаллимаҳои рус дарс мегуфтанд. Аксаран омӯзгори фанни забони русӣ буданд. Жилинская Мария Павловна, Мария Бариевна, Носова Нина Семёновна, Кузнетсова Тамара Павловна аз зумраи онҳо буданд. Корашон хеле хуб буд. Таълими фанни забони русӣ дар пояи баланд қарор дошт. Ман бошам, аз ин занони ҳалиму хоксор таҷрибаи омӯзгориро омӯхтам. Чи дар муомилаю муошират ва чи дар кори таълим ба онҳо пайравӣ мекардам. Фикр мекунам, ки таҷрибаи онҳо барои ман боз як донишкадаи дигаре буд. Аҳсан ба чунин нафарон!

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба даъват намудани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон боиси хурсандист. Ин имконият медиҳад, ки сифати таълиму тарбия боз ҳам болотар гардад.

Гузаштаро бо имрӯза муқоиса намуда, хеле хурсанд мешавам. Зеро имрӯз барои хонандагонамон тамоми шароитҳои таълим фароҳам оварда шудааст. Баробари мавҷуд будани китобҳои дарсӣ, ҳамчунин аз тахтаи электронию компютер ва дигар воситаҳои техникӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Биноҳои барҳавои таълимӣ, шароитҳои дигари зарурӣ ҳама дар истифодаи хонандагон қарор доранд. Ҳамаи ин аз баракати истиқлолият, роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо, омӯзгорон аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан аз Сардори давлат миннатдор буда, кӯшиш мекунем, ки таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам баланд бардошта, ҷавонони шоистаи ин ватани аҷдодиро ба камол расонем.

Ба он ҷавононе, ки имрӯз ба хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ шуда, аз ватан бе ватан гаштаанд, ҳамчун модар-омӯзгор муроҷиат менамоям: «Ба Тоҷикистони биҳиштосоямон, назди падару модари роҳинтизори худ баргашта, ба амалҳои нек, аз қабили хизмат ба волидайн, ободонии ватан машғул шавед. Аз ин корҳои нек баракату обру хоҳед ёфт».

Т. ЛИҚОЕВА,

омӯзгори МТМУ №1-и

ноҳияи Восеъ,

Аълочии маорифи Тоҷикистон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боварии сарварро нигаҳ дорем

Маориф ва илм

Сулолаи омӯзгор

Маориф ва илм
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавад

Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм