Дар як сатр
» » «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД»

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД»

8-03-2019, 23:46

Дар театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб фестивал-озмуни шаҳрии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ меҳмонон аз ҳунари волои ҳунармандони шаҳри Кӯлоб, аз қабили чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, таомҳои миллӣ ва расмҳои беҳтарин дидан карда, ба ҳунари волояшон баҳои баланд гузоштанд. Ҳадафи асосии фестивал-озмуни «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дарёфти истеъдодҳои нотаркор ва рушди ҳунарҳои мардумӣ унвон шуда, бо ин мақсад дар 123 кӯчаю маҳалла ва ҷамоатҳои Кӯлоб чорабинии фарҳангию маърифатӣ гузаронида шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭЪЛОНИ ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»

Хабарҳо

ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

Фарҳанг ва адабиёт

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо