Дар як сатр
» » МУЛОҚОТИ РАИСИ ПСС БО СОҲИБКОРОН

МУЛОҚОТИ РАИСИ ПСС БО СОҲИБКОРОН

8-03-2019, 23:43

Дар шаҳри Бохтар вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо соҳибкорони маҳаллии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкурро муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ҳусни оғоз бахшида, раиси тозаинтихоби Палатаи савдо ва саноатро ба соҳибкорони вилоят шинос намуд. Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» як қатор тағйироти назаррас ба амал омада, ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон шароити мусоид муҳайё гардидааст. Дар вохӯрӣ миёни соҳибкорони вилоят ва мақомот оид ба дастгирии соҳибкорон ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи соҳибкорӣ табодули назар сурат гирифт.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо

ТАШКИЛИ «РЕЕСТРИ ТИҶОРАТӢ» - АМРИ МУҲИМ

Хабарҳо
Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
14 октябр – Рӯзи соҳибкорон

14 октябр – Рӯзи соҳибкорон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА