Дар як сатр
» » 450 ЗАН ДАР МАҚОМИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

450 ЗАН ДАР МАҚОМИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

9-03-2019, 23:41

Дар вилояти Хатлон як миллиону 587 ҳазору 100 нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, занон 49,6%-и шумораи умумии аҳолии вилоят (3199700 нафар)-ро ташкил дода, ин рақам нисбати соли гузашта 36 ҳазору 300 нафар зиёд мебошад. "Теъдоди занони қобили меҳнат 922 ҳазору 100 нафар (50,5%) ҳисоб шудааст. Аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргар 6 ҳазору 586 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд”, - зикр кард манбаи хабар. Теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дармоҳи январи соли 2019 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 70 нафар зиёд шудааст. Аз ҳисоби занон 843 нафар вакил, аз ҷумла як вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 181 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 616 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 450 нафар бонувон кор мекунанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Ҷавонон ва варзиш
Кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат рӯ ба афзоиш а ...

Кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат рӯ ба афзоиш а ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА