Дар як сатр
» » 103 БАҲОРИ МУКАРРАМА

103 БАҲОРИ МУКАРРАМА

8-03-2019, 23:38

Мукаррама Қурбоналиева дар рӯзи ид 103-юмин баҳори умри худро қайд мекунад. Ӯ зодаи ноҳияи Балҷувон буда, соли 1916 ба дунё омадааст. Ба синну солаш нигоҳ накарда, худро хеле хуб хис мекунад, озодона роҳ мегардад, хушчақчақу хушмуомила аст. Меҳмоннавоз буда, муомилаи хубу муоширати одамиро яке аз шартҳои муҳими одаму одамгарӣ медонад.

Соҳиби 5 фарзанд буда, набераю абераҳои зиёд дорад. Онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия менамояд. Ӯ чорводор ва деҳқон буд. Ҳам дар фермаи чорводорӣ кор кардаасту ҳам дар саҳро. Ба ибораи дигар, устухонаш дар меҳнат сахт гаштааст. Бинобар ин,  яке аз сабабҳои дарозумриашро дар меҳнат медонад.

Мо ин зани рӯзгордидаро ба  ҷашни Рӯзи модарон аз самими дил табрик гуфта, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

 

Рӯзигул Қурбонова,

мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии

ноҳияи Балҷувон   




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Балҷувон:Боғҳои куҳна барқарор мешаванд

Арсаи кишоварзӣ
Аз Меҳргон то Меҳргон

Аз Меҳргон то Меҳргон

Фарҳанг ва адабиёт
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
102 баҳори Ҳаитбибӣ

102 баҳори Ҳаитбибӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ