Дар як сатр
» » «ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

6-03-2019, 23:35

Қурбон ҳакимзода:

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати шиносоӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Ёвон  ташриф овард.

Зимни сафари корӣ нахуст раиси вилоят аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Ситораи сурх» дидан намуд. Чун анъана, роҳбари вилоят аз манзили истиқоматии як зумра меҳтарони корзор дидан намуд. Нахуст ба аёдати сокини деҳаи Навободи ҷамоати мазкур, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҳмат Қаландарови 103-сола омада, бо ӯ суҳбат орост. Зимни суҳбат номбурда аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ёдовар гардида, иброз дошт, ки Душанбешаҳри имрӯза дар қиёс ба Душанбеи пешина аз замин то само тафовут дорад. Ин пири некдил аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии  сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари азиз, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо як эҳсоси баланди ватандорӣ сухан мекард.

Раиси вилоят аз вазъи рӯзгори ин пири хирад пурсон гардида, барояш тани сиҳату аз ин ҳам бештар дарозумрӣ таманно намуд.

Ҳамчунин зимни сафари корӣ раиси вилоят ба аёдати ду нафар собиқадори меҳнат аз Ҷамоати шаҳраки "Ёвон” рафт. Тоҷиннисо Худойбердиева ва Ҳабибулло Қурбонов, собиқадорони арсаи меҳнат, аз ин ташрифи раиси вилоят ба манзили иқоматиашон рӯҳбаланд гардида, изҳори миннатдорӣ намуданд. Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки саҳми онҳо дар рушду нумӯи ҷомеа, ободии ватан беандоза аст. Имрӯз низ   собиқадорони арсаи меҳнат ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ободонии кишвар дар канор нестанд. Зеро маҳз ватандӯстӣ, худшиносии ин пирони рӯзгор ва ҳаёти пурбаракаташон барои насли навин ибрат ва боиси пайравӣ мебошад.

Роҳбари вилоят аз Ҷамоати шаҳраки "Ҳаёти нав” дидан намуда, бо вазъи иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак  шинос гардид. Дар намоишгоҳи техникаҳои кишоварзӣ бо механизаторон, масъулони соҳаи кишоварзӣ суҳбатҳо орост. Ҳамчунин роҳбари вилоят аз гармхонаҳои Ҷамоати деҳоти «Чоргул»  низ дидан намуда,  бо  фаъолияти кишоварзон ошно  гашт. Фабрикаи «Мурғи беҳамто»-и Ҷамоати деҳоти "Чоргул” яке аз фабрикаҳои номӣ дар парваришу истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ба шумор меравад. Ҳангоми суҳбат бо масъулини фабрикаи мазкур баҳри рушди соҳа, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва тухми мурғ маслиҳатҳои муфид дод.

Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмониву ободонӣ дар боғи истироҳатии «Фароғат»-и шаҳраки Ёвон низ шинос гардид. Дар боғи мазкур атраксиони кӯдакона ифтитоҳ ёфт.

Роҳбари вилоят аз вазъи иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Ёвон шиносоӣ пайдо намуд. Сипас дар Кохи фарҳанги маркази ноҳия бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону фаъолони ноҳия вохӯрд. Зимни мулоқот раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки  масъалаи ҷамъоварии андоз дар ноҳия мувофиқи матлаб нест. Гарчанде ки дар ноҳияи мазкур сарчашмаҳои зиёди андозсупорӣ мавҷуданд, вале масъулини мақомоти андоз аз ин манбаъҳо самаранок истифода набурдаанд.

Ҳамчунин аз масъулини андозсупорандагони азими ноҳия низ пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо маслиҳатҳои судманд дод. Тавре ки равшан гардид, дар ноҳия  19 корхонаи азим фаъолият менамояд.

Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки бо иқдоми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Аз ин рӯ, саноатчиёни ноҳияи Ёвонро зарур аст, ки баҳри ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолиятбозмонда ва мавсимӣ тадбир андешанд. Кӯшиш намоянд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатиро зиёд намоянд. "Танҳо дар сурати  рушди соҳаи саноат метавон иқтисодиёти ноҳияро  баланд бардошта, некуаҳволии сокинонро беҳтару хубтар намуд”, - ироа дошт раиси вилоят зимни суханронӣ.

Роҳбари вилоят бобати рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин  сухан ронда таъкид дошт, ки Ёвон яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Он дорои захираҳои зиёди заминҳои корами обӣ буда, деҳқонон метавонанд аз ҳар як ваҷаб замин пурсамар истифода бурда, бозори истеъмолии дохилу хориҷи кишварро бо маҳсулоти тару тоза  таъмин намоянд.

Дар ҷамъомад нисбати масъалаи вобаста ба соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ низ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар, бояд 30 фисади кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд. Нисбати масъалаи мазкур низ масъулини ноҳия бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси вилоят аз вазъи рӯзно-маи ноҳиявии "Субҳи Ёвон” пурсон гардида, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки теъдоди хонандагони рӯзнома хело кам мебошад. Дар ҷамъомад доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия сухан ронда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулин муваззаф гардиданд. Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки бо меҳнати ҳалол метавон ба дастовардҳои хуби истеҳсолӣ ноил шавем. Муҳим аз ҳама, баҳри ривоҷи корҳои бунёдкориву созандагӣ, омодагӣ ба санаи муҳими  таърихӣ - ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон беҳтару бештар талош варзида, ин санаи таърихиву тақдирсози миллатро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил намоем.

Раиси вилоят ҳамчунин занону бонувон ва модарони ноҳияи Ёвонро бо фарорасии баҳори гулбасар ва Рӯзи модар табрик намуда, таъкид дошт, ки занону бонувон дар ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳаи маорифу тандурустӣ фаъолият менамоянд, масъулиятро бештар дарк месозанд ва натиҷаи меҳнаташон низ назаррас аст.

Минбаъд низ барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас, идомаи корҳои созандагиву ободонӣ, таълиму тарбияи насли навин ба модарон такя месозем, зеро онҳо бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ
Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ҳокимияти давлатӣ

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология
Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ