Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ: «ЗАҲМАТУ ХИЗМАТҲОИ ЗАН - МОДАРРО ҚАДР НАМОЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ЗАҲМАТУ ХИЗМАТҲОИ ЗАН - МОДАРРО ҚАДР НАМОЕМ»

7-03-2019, 23:32

Модар оғози оғозҳост, сарчашмаи зиндагӣ дар рӯйи замин аст. Бо омад-омади фасли баҳор мувофиқ омадани Рӯзи модар бесабаб нест. Чунки модарон синаи меҳранду бо қалби пурҳарорати хеш ба ҳамагон гармиву нармӣ, меҳру сафо ҳадя месозанд. Дар арафаи Рӯзи модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати як тан модар - омӯзгор, нафаре, ки тамоми ҳастии хешро баҳри  илмандӯзии  наврасон сарф намудааст, рафт.

 

Ин модари мушфиқу ғамхор, меҳтари заҳмат Зайнаб Муродова мебошад, ки солиёни зиёд ба насли наврас аз фанни математика, физика сабақ омӯзондааст. Тамоми ҳастии хешро баҳри илмомӯзии наврасон сарф карда, мӯйи мушкини хешро сафед намудааст. Ҳанӯз ҳам меҳри касби омӯзгорӣ дар қалбаш мондаву ёди шогирдони хешро мекунад. Зайнаб Муродова, тавре ки зимни суҳбат бо роҳбари вилоят иброз дошт, ба ҳайси омӯзгор дар ноҳияи Ишкошиму шаҳри Хоруғ, пойтахти ватанамон -шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дӯстӣ фаъолият намудааст.

Зайнаб Муродова соҳиби хотираи қавӣ буда, ҳатто номи шогирдонашро хуб дар хотир дорад.  Онҳоро ёдоварӣ менамояду шогирдонаш низ  муаллимаи хешро ҳамчун модари азиз дӯст медоранд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Барои як зан, як омӯзгор, як модари мушфиқ аз ин дида бахти баланд нест. Зеро ҳангоме ки дафтари рангини ҳаёти пурбаракаташро варақ мезанад, пеши назар нахустин дарсаш ба хотир меояд, ки чӣ сон хонандагон ҳама гӯшу ҳуш ба ӯ дода буданд.  Муаллимаи равшанзамир зимни суҳбат бо раиси вилоят аз давраи фаъолияташ дар гӯшаву канори ватани азиз ёдовар шуда, шукргузорӣ аз он намуд, ки  имрӯз ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу зебо ва гулафшон гаштааст. Ин ҳама дастовардҳоро натиҷаи заҳмати, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Роҳбари вилоят ба ин омӯзгори собиқадор, меҳтари меҳнат гулдастаи баҳорӣ ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, барояш тансиҳативу хонаободӣ таманно намуд. Ҳамин тавр, роҳбари вилоят бо вазъи рӯзгори собиқадорон Шодибой Ҳоҷиев ва Муҳриддин Мирзоев низ аз ноҳияи Дӯстӣ шинос гардид. Аҳли оилаи Шодибой Ҳоҷиев аз ҳар як  ваҷаб замини наздиҳавлигӣ пурсамар истифода бурда, дар ин баробар 2 гектар хоҷагии деҳқонӣ, ки дар ихтиёрӣ онҳо мебошад, ҳамасола ҳосили хуби кишоварзӣ ба бор меоварад. Дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ баъди киштгардон намудани замин дар як гектар гандум кишт намудаанд, 0,5 га ҷав кишт кардаанд. Тавре ки бонуи хонадон Хосият Ҳоҷиева иброз дошт, дар майдони 0,5 га боғи хоҷагиашон, ҳамчунин кишти картошка, сабзавот ва дигар зироатҳоро низ мегузаронанд, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд. Шодибой Ҳоҷибоев низ аз хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат ва ғамхориҳои  пайвастааш изҳори хушнудӣ намуда иброз дошт, ки  ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, яъне ба деҳқон вогузор намудани замин имкон дод, то сатҳи зиндагии деҳқонон боло раваду ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардад.

Муҳриддин Мирзоев, собиқа-дори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни мулоқот бо раиси вилоят аз он хушнудӣ намуд, ки имрӯз ҳамагон зери офтоби дурахшони сулҳу ваҳдат рӯзгор ба сар мебаранд. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор асту ҳамагон комёб. Оилаи Муҳриддин Мирзоев низ яке аз оилаи беҳтарин дар ноҳияи Дӯстӣ ба шумор меравад. Дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои намунавӣ гардидаанд. Муҳриддин Мирзоев оид ба ватандорӣ, мардонагиву ҷавонмардӣ, ки яке аз хислатҳои неки инсонист, сухан ронда, таъкид дошт, ки мо бояд ватандориву нангу номуси миллӣ ва хештаншиносиро пайваста ба ҷавонон омӯзонем. Зеро таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо бо ин нишонаҳои олии хеш намуна буданд.

Пас аз аёдати собиқадорони меҳнат раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дӯстӣ дидан ба амал овард. Дар хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонови ноҳия техникаи кишоварзӣ заминҳоро тахту ҳамвор намуда, бо дуои бобои деҳқон ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Бекмурод Холов ба уҳда дорад,  дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  пешсаф буда, саҳмдорони хоҷагӣ баҳри дар амал татбиқ гардидани амнияти  озуқавории мамлакат ҷидду ҷаҳд менамоянд.

 Тавре ки роҳбари хоҷагӣ Бекмурод Холов ба раиси вилоят иттилоъ дод, имсол навъи пунбаи "Деҳқон”-ро кишт менамоянд ва талош меварзанд, ки ҳосили баланд рӯёнанд. Гармхонаҳои хоҷагии мазкур, ки дар майдони 7 гектар замин доман афрохтаанд, аз заҳмати шабонарӯзии масъулину хоҷагидорон дарак медиҳад.  Дар гармхонаҳои мазкур қаламфури булғорӣ, помидор, бодиринг ва дигар навъи сабзавот парвариш меёбад. Тавре ки корманди хоҷагӣ Анвар Тошпулотов иброз дошт, соли гузашта дар 26 гармхона танҳо қаламфури булғорӣ парвариш намуда, даромади хуб ба даст оварданд. Ҳамчунин дар 10 гармхонаи дигар бошад, помидор парвариш намудаанд. Аллакай помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ гул кардааст. Як нукта боиси қайд аст, ки  дар бунёди гармхонаҳои мазкур  бештар аз ашёи худӣ, яъне аз ашёи дохилӣ истифода бурдаанд, ки ин каммасрафу сердаромад мебошанд.

Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии "Баҳор”,   роҳбараш Абдуҷаббор Иброҳимов, ба  кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Дар 20 гектар замини хоҷагии мазкур кишти пунба гузаронида мешавад. Ҳамчунин, раиси вилоят аз Қасри фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ дидан намуда, бо масъулину кормандони ташкилоти мазкур суҳбат орост. Ҳамзамон, аз вазъи китобхонаи ноҳия, мактаби санъати кӯдакона пурсон гардид.  Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки китобдорон бояд барои ҷалби бештари шаҳрвандон ба китобхонаву   китобхонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Роҳбари вилоят аз вазъи ногувори Қасри фарҳанг ва саҳни он изҳори нигаронӣ намуда, баҳри таъмиру тармим, ободониву кабудизоркунӣ ва гулкории саҳни Қасри фарҳанг ба масъулин дастур доданд. Ҳамчунин, ба сармеъмори ноҳия барои таъмиру тармими лавҳаи хотиравии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дод. Роҳбари вилоят иброз дошт, ки гулгаштҳоро ба тартиб оварда, роҳравҳоро сафолакбандӣ намоянд. Зеро боғи истироҳатӣ бояд ба меъёру талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ бошаду шаҳрвандон фориғ аз кор дар ин макон сайругашту истироҳат намоянд.

Дар маҷлисгоҳи ноҳияи Дӯстӣ қабули раиси вилоят доир гардид. Беш аз 15 нафар сокинони ноҳияи Дӯстӣ ба раиси вилоят доир ба масъалаҳои мавҷуда муроҷиат намуданд.  Сокинони ноҳия Раҳматулло Нурматов, Давронгелдӣ Ғоибназа-ров, Муртазо Самиев, Зикрулло Ҳазратқулов, Ҷуматурдӣ Аннабердиев, Илҳомиддин Баҳриддинов, Муҳаммадсодиқ Исмоилов ва дигарон ба раиси вилоят бобати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бунёди маркази савдо, хизматрасонӣ ва тӯйхона, бунгоҳи тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, сартарошхона, маркази хизматрасонии таъмири нақлиёт муроҷиат намуданд. Ин шаҳрвандон аз сиёсати ободкорию бунёдсозии Пешвои миллат илҳом гирифта, мехоҳанд, ки дар ободонии маҳал ва ноҳия саҳми хешро гузошта,  садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Шаҳрвандон Иброҳим Бӯриев, Иброҳим Норматов, Абдуғаффор Холов, Маҳмадсафар Мирзоев нисбати тоза намудани заҳбурҳо ба раиси вилоят муроҷиат намуда, хоҳиш намуданд, ки барои дастрас намудани техника кумак намоянд. Ҳамчунин, барои гузаронидани қубури обгузар аз зери шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Қизилқалъа-Шаҳритӯс мусоидат намоянд. Корманди техникии беморхонаи ноҳиявӣ Гулбаҳор Ниёзова оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ арзи матлаб намуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда ба масъулини ташкилоту муассисаҳои марбутаи ноҳия ва вилоят супориш доданд. Сипас, роҳбари вилоят аз масъулини ноҳия оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ пурсон гардида, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

А. Сафарова,

«Хатлон»

Аксбардор М. СОТИЕВ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ
Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА