Дар як сатр
» » ЗАН-МОДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ

ЗАН-МОДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ

6-03-2019, 23:12

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши зан-модар

 

 

-Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.

-Иди байналхалқии занон аз фаро расидани фасли баҳор-арӯси сол ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.

-Зан-модар, ки офарандаи наслҳост, бо тамоми вуҷуди худ муқобили ҷанг ва харобкорӣ мебошад. Алалхусус, занони тоҷик, ки бо тамоми вуҷуди поки хеш оташи сӯзанда ва дарди ҷонкоҳи ҷангро эҳсос намуданд, на фақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон ҳамеша тарафдорони пойдории сулҳ мебошанд.

-Ба уҳдаи зан — модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок— тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ гузошта шудааст.

-Бонуҳои иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.

-Моро имрӯз ҳам лозим аст, ки бо тамоми роҳҳо барои рушду нумӯи дониш ва малакаи занони соҳибистеъдод, занҳое, ки аз уҳдаи ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои рӯзгори мо баромада метавонанд, шароити мусоид фароҳам оварем. Зеро бе иштироки занҳои ташаббускору ғайратманд, маслиҳатҳои муфиди модарони рӯзгордида гумон аст, ки мо ба орзуҳои неки хеш нарасем.

-Вазифаи зан фақат ҳаст кардани фарзандони сершумор нест. Вазифаи асосӣ тарбия намудани фарзандони солим, дорои ахлоқи шоиста, соҳибмаълумоту соҳибкасб мебошад. Ҳаёт собит месозад, дар он хонаводае, ки зан — модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд.

-Мо медонем, ки маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медиҳад. Модари тоҷик ҳамеша толиби сулҳ аст, аз ин рӯ, ман бовар дорам, ки ӯ барои пойдории сулҳ ва эҳёи Тоҷикистон мудом саҳм мегирад ва ҳидоятгари корҳои нек ба наврасону ҷавонон мешавад.

-Дар ин ҷодаи пуршараф ва дар айни замон заҳматталаб барои ҳамаи занону духтарони мамлакат сиҳатмандӣ, рӯҳи болида, рӯзгори обод ва хотири шод орзумандам.

-Иди занон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, воқеан ҳам, иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба зан-модар, яъне офарандаи ҳаёти башар мебошад.

-Мо - тоҷикон, ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми зан-модар ва ба қавли бузургонамон, олиҳаи зиндагиро баланд қадр мекунем. Ин қадршиносиву муҳаббати бепоён дар ашъори адибони оламшумули мо дар пояҳои баландтарин инъикос ёфтааст. Ва беҳуда нест, ки дар тамоми давраҳои таърихи инкишофи миллатамон занон ҳамеша мавқеи хоса ва нақши барҷаста доштаанд.

-Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст. Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.

-Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст.

-Воқеан, занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд. Онҳо дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

-Ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум бо фоҷиаву қурбониҳои мудҳиши худ, пеш аз ҳама дар қалби занону модарон захми сӯзон гузошт. Дар он рӯзҳои сахту сангин ҳазорҳо занон аз шавҳар, модарон аз фарзандони худ маҳрум шуданд, ки таҳаммул кардани ин талафот ниҳоят талху вазнин буд. Бо вуҷуди ин, занону модарони Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бениҳоят ҳассос оқилона рафтор карда, барои аз парокандагӣ эмин нигоҳ дош-тани миллати тоҷик, расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот хизмати шоиста карданд. Яъне дар барқарор намудани сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон, ки имрӯз аз ҷониби бисёр кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шудааст, ҳиссаи модарон, занон, хоҳарон ва духтарони мо ниҳоят бузург аст. Барои ин хизмати таърихиашон меарзад, ки бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдориву сипос намоем.

-Модар нахустин мураббии фарзанд буда, фарзандонро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, оила макони тарбияи камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд аст ва ҳар як модар бояд дар тарбияи фарзанди худ нақш ва масъулияти ҳалкунанда дошта бошад. Модар фарзанди худро тавре ба камол расонад, ки ба гуфтаи халқ ба "боғи падар” табдил ёбад.

-Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад. Аз ин хотир, модарону хоҳарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандонашон ҳарчи бештар ва амиқтар омӯхтани забони адабиро талқин намоянд. Шумо - модарону хоҳарони азиз, дар ҳамаи давраҳо нигоҳдорандаи забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳастед ва барои покиву равонии он нақши асосӣ доред.

-Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумо - занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод дорад ва аз шумо тарбияи фарзандони содиқи ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоистаро интизоранд.

-Итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти Тоҷикистони азиз рисолати созандагии хешро иҷро менамоед.

-Шумо - бонувони азизу арҷманд, гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед.

-Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.

Китобати

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зан офаридгори зиндагӣ ва аввалин устоди фарзанд аст!

Зан офаридгори зиндагӣ ва аввалин устоди фарзанд аст!

Номаҳои Шумо
«Зан-нигини пурҷилои тоҷи миллат»

«Зан-нигини пурҷилои тоҷи миллат»

Ҳокимияти давлатӣ
Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Сиёсат