Дар як сатр
» » 11 КОРМАНД БА ҶОЙИ КОР БАРҚАРОР ШУДАНД

11 КОРМАНД БА ҶОЙИ КОР БАРҚАРОР ШУДАНД

1-03-2019, 07:50

Ба нозирони ҳуқуқи иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар соли 2018 зиёда аз 250 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, бо мусоидати иттифоқҳои касаба 11 нафаре, ки ғайриқонунӣ аз кор озод шудаанд, ба ҷойҳои кори қаблиашон барқарор гардидаанд.

Дар ин бора Абдурозиқ Ризоев, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, иттилоъ дод ва афзуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандон бояд дар тамоми ташкилоту корхонаҳо, новобас-та аз шакли моликият, шартномаи коллективӣ ва меҳнатӣ баста шавад. «Аз тарафи нозирони меҳнат тайи як сол дар 401 ташкилот, муассиса ва хоҷагии деҳқонии вилоят ҳолати ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ бозрасӣ гардида, ба 304 роҳбари корхонаю ташкилот оид ба рафъи қонуншиканиҳо дар ин самт амрнома супорида шудаанд», - афзуд А. Ризоев.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифшои якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар Шаҳри ...

Ифшои якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар Шаҳри ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА