Дар як сатр
» » РОҲАНДОЗИИ ДУ ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ

РОҲАНДОЗИИ ДУ ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ

1-03-2019, 07:40

Аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ «Мархур» ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» роҳандозӣ карда шуд.

Хатсайри якум аз шаҳри Душанбе тавассути шаҳри Норак, ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва Душанберо дар бар мегирад. Саёҳати мазкур 9 рӯз буда, барои моҳҳои май – сентябр пешбинӣ гардидааст. Хатсайри дуюм аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, шаҳри Норак, мамнӯъгоҳи «Хуталон», осорхонаи таърихӣ дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи Дарвоз, Боғи ботаникӣ, осоишгоҳи «Гармчашма», қалъаи Қаҳқаҳа ва Ямчунро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки масоҳати заминҳои мамнӯъгоҳи «Хуталон» 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо парандагону чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, уреал-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон ва аз парандагон асосан тазарв парвариш меёбанд. Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дошта, ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир, бахусус бузи пармашохи «мархур», ки ба «Китоби сурх»-и Тоҷикистон ворид шудааст ва мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум» диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро бештар ба худ ҷалб менамояд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав дар Ш. Шоҳин

Хабарҳо
Боздид аз мамнӯъгоҳи  «хуталон» дар ноҳияи данғара

Боздид аз мамнӯъгоҳи «хуталон» дар ноҳияи данғара

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Арсаи кишоварзӣ
«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

«Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР