Дар як сатр
» » ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТ - «ВОРИСИ СИНО»

ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТ - «ВОРИСИ СИНО»

1-03-2019, 07:28

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми табиб дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон - «Вориси Сино» дар соҳаи тандурустӣ таъсис дода шуд.

Тибқи қарори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки 15 феврал ба имзо расидааст, ҷоизаи муқарраршуда ҳар сол дар «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ба 6 ғолиб (ба ҳар яке дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ) тақдим карда мешавад.

Дар асоси қарори дигари раиси вилоят аз 15 феврали соли 2019, №45 минбаъд озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» доир мегардад, ки ҳар яки он 5 ҳазор сомонӣ мукофот дошта, бо мақсади рушди соҳаи тандурустии вилоят, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати беморон гузаронида мешавад.

Ҳамин тавр, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода дастур додааст, ки ба олимони соҳаи тиб дар вилоят барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода шавад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НИЗОМНОМАИ озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин та ...

Тандурустӣ ва экология

ҶАЙҲУН: МАОШИ МИЁНАИ ДУХТУР - 812 СОМОНӢ

Хабарҳо

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо
Таъсиси ҷоизаи раиси вилоят

Таъсиси ҷоизаи раиси вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА