Дар як сатр
» » Паёми музаффариятҳо

Паёми музаффариятҳо

28-02-2019, 22:30

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад.

Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Дар баробари се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои амалишавӣ ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишвар гузошта шуд, ки тақозои замон аст. Имрӯз барои амалишавии ин стратегия дар кишвар тамоми заминаҳо мавҷуданд. Ин иқдоми неку созандаи Пешвои миллат низ чун дигар нақшаҳои қаблӣ амалӣ мегардад ва Тоҷикистон дар қатори кишварҳои саноатӣ-аграрӣ қарор мегирад. 

Ҳамчунин, дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳи бештар  ба сатҳу сифати таълим равона шудааст. Пайдост, ки пояи ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз тарбияи томактабӣ оғоз мешавад. Пешвои миллат дастур доданд, ки солҳои наздик фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 30 дарсад расонида шавад. Бо амалишавии ин вазифа сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот беҳтару хубтар мегардад.

Диловар СУЛАЙМОНЗОДА,

корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳадафҳои паём-раҳнамои зиндагии шоиста

Арсаи кишоварзӣ

Масъулияти касбӣ баланд мегардад

Номаҳои Шумо

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Номаҳои Шумо
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо