Дар як сатр
» » Пешвои миллат - эҳёгари НБО «Роғун»

Пешвои миллат - эҳёгари НБО «Роғун»

28-02-2019, 22:28

Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ номидаанд.

Дар ҳақиқат, НБО «Роғун» иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид. Азму талоши хас-тагинопазири Пешвои муаззами миллат буд, ки бори аввал дар 28 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин мешаванд.

Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки Тоҷикистон имконият дорад, баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла НБО «Роғун» аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд. Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.

Мо хуб эҳсос мекунем, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои мардуми кишвар масъалаи «ҳаёту мамот» аст, зеро он ба устувор шудани мавқеи ҷумҳурӣ ва пайдо гардидани имкониятҳои нав барои ривоҷи иқтисодиёт мусоидат менамояд. Пешвои миллат барҳақ таъкид кардаанд, ки агар захираҳои наф-ту газ дар ҳар кишвар дер ё зуд ба охир расанд, пас, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон фаровону бепоён буда, чун чашмаи поянда ба наслҳои оянда хизмат мекунанд.

Бо сохтмони НБО «Роғун», ки дар Осиёи Марказӣ бузургтарин ва дар ҷаҳон аз ҷумлаи нодиртарин иншоотҳои гидроэнергетикӣ хоҳад буд, дар тараққиёти иқтисодии сарзамини мо як марҳилаи нав оғоз ёфта, масоҳати бузурги заминҳои бекорхобида корам шуда, дар ин асос садҳо корхонаҳои миёна ва азими саноатӣ бунёд хоҳад гардид.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки нуктаҳои муҳими дар Паёми навбатии Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садодода қадам ба қадам татбиқи амалии худро ёфта истодаанд, зеро Пешвои миллат дар Паёмашон гузаштан ба давраи сифатан нави амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакатро таъкид намуданд.

 

Мусоҷон ЮСУФОВ,

мутахассиси пешбари Раёсати

адлияи вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Номаҳои Шумо
Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Ҳокимияти давлатӣ

«РОҒУН» САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст ...

Ҳокимияти давлатӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ