Дар як сатр
» » Моро ба масъулияти бештар ҳидоят менамояд

Моро ба масъулияти бештар ҳидоят менамояд

28-02-2019, 22:26

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо ба фардои боз ҳам дурахшон дар назди ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла мо кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист вазифаҳои нав гузошт.

Пешвои муаззами миллат дар баробари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои соҳаҳои гуногуни мамлакат таъкид намуданд, ки ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ, такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шавад, чунки ҳифзи муҳити зист дар айни замон яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон ба кишвари мо мебошад.

Дастуру супоришҳои дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ки яке аз пояҳои асосии рушди устувор эътироф гардидааст, мо - кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро вазифадор  менамояд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, беҳдошти муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани роҳу кӯча ва маҳалҳои аҳолинишин, аз ифлосиҳо эмин доштани манбаҳои обӣ, самараноку оқилона истифодабарии сарватҳои табиӣ, инчунин фаъолияти нозирии худро дар доираи Низомнома ва ваколатҳои худ пурзӯр намоем. 

Дар партави иҷроиши Паём моро зарур аст, ки барои татбиқи "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020”  тадбирҳои заруриро андешида, ба ташаккули донишҳои экологӣ, тағйир додани муносибати наврасону ҷавонон ба табиат ва баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолии вилоят корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, фаъолияти комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологии шаҳру ноҳияҳоро, ки ба амалӣ гаштани барнома мусоидат менамояд, ҷоннок намоем.

Бо мақсади таъмини супоришу вазифаҳои дар Паём гузошташуда, ба масъалаҳои марбут ба  ҳифзи муҳити зист, олами ҳайвоноту наботот, ҳудудҳои махсусмуҳофизатшаванда, ёдгориҳои таърихӣ, ҷойҳои муқад-дас, ки дар миқёси вилоят хеле зиёданд, кормандони ҳифзи муҳити зисти вилоят  вобаста ба самтҳои вобасташуда нақшаи корӣ таҳия намуда, иҷрои онро таҳти назорати доимӣ гирифтаанд. Дар ин раванд гурӯҳи корӣ таъсис дода, онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Мо-кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар иҷрои вазифаҳои гузошташудаи Сарвари давлат, амалӣ гардидани сиёсати давлатии экологӣ, пешрафти соҳа, хурраму зебо гардидани диёри азизамон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободониву созандагӣ, беҳдошти муҳити зист, ки аз он саломатии одамон вобастааст, тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодаем.

Рухсора Саидова,

мутахассиси шуъбаи

мониторинг ва сиёсати

экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

1145 нафар барои зиён расонидан ба табиат ҷарима шуд

1145 нафар барои зиён расонидан ба табиат ҷарима шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо