Дар як сатр
» » Ҷавонони саодатманд ва наҳзатиҳои шарманда

Ҷавонони саодатманд ва наҳзатиҳои шарманда

28-02-2019, 15:21

Вақтҳои охир аъзо ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ,  ки  фаъолияти он  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ мебошад,   бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони тоҷикро ба ҳамоишу тазоҳуроти бемаънӣ  даъват менамоянд. Вале, ҷавонони  имрӯза бо донишу ақлу идрок  ва ҷаҳонбинии васеи худ ба  ин   фиребу найрангҳои наҳзатиёни гумроҳ  ҳеҷ  гоҳ  дода намешаванд. Зеро онҳо хуб медонанд, ки ин бадхоҳони миллати  тоҷик солҳои аввали навадуми асри гузашта чӣ рӯзҳои бадеро    бар сари   мардум  овардаанд.

 Ин хоинони миллат ва хизматгорони хоҷагони хориҷӣ, ки  аввал бо истифода аз номи поки дини Ислом мехостанд ҳадафҳои зишту нопоки худро аз нав бунёд созанд, чун ба мақсади  бади  худ нарасиданд, акнун мехоҳанд бо баҳонаи демократия ва ҳуқуқи  инсон  фаъолияти тахрибкоронаашонро идома  диҳанд. Аммо, мо-ҷавонони даврони соҳибистиқлоли ватан, ки дар фазои сулҳу оромӣ  кору зиндагӣ  дорем,  намегузорем,  ин нохалафон ғаразҳои сиёҳи худро амалӣ намоянд.

Имрӯз на танҳо ба мардуми  Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи  ҷаҳонӣ маълум  гардид, ки  барои ин тоифаи гандумнамои  ҷавфурӯш на арзишҳои динӣ ва на арзишҳои демократӣ қимате  доранд. Роҳбари  ин ташкилоти  экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бо ташкил кардани гирдиҳамоиҳо мехоҳанд ба  хоҷагони худ  нишон диҳанд, ки  онҳо фаъолият карда истодаанд. Дар  асл  бошад,  онҳо  дар киштии  шикастае нишастаанд, ки  оқибати он  ғарқ   шудан аст.

Дар урфият чунин мегӯянд: «Офтобро бо доман пӯшида намешавад». Имрӯз амалҳои ҷиноят-коронаи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ  барои ҳамагон  чун офтоб рӯшан аст ва барои  шарҳу тавзеҳи он ҳоҷате нест. Танҳо моро зарур аст, ки  арзишҳои  миллиро аз дигар манфиатҳо боло гузошта, бо зиракии  сиёсӣ ва  кору амали шоистаи худ  дар пешрафту тараққиёти ватани азизамон   саҳми  арзандаи худро гузорем. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  хеле хуб зикр намудаанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона  ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро  ҳимоя  карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои  номатлуби ҷаҳони  муосир эмин нигоҳ доранд ва  парчамбардори ин сарзамин,  марзу бум ва кишвари муқаддасамон   бошанд».

Боварии комил дорем, ки ҷавонони мо ин гуфтаҳои Пешвои муаззами худро сармашқи кору пайкори  худ   қарор дода, баҳри саодатмандӣ  ва хушбахтии миллати   худ   камари ҳиммат мебанданд ва душманону хоинони миллату ватанро   бо  ташаббусҳои  созандаи   худ  шармандаву шармсор мегардонанд.

 

Ибодуллоҳи  ОДИНА,

узви  ИЖТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ