Дар як сатр
» » Бунёди 159 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Бунёди 159 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

28-02-2019, 22:23

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки нақшаи даромади буҷет беш аз 100 фисад таъмин гардид.

Дар ин давра аз даҳ намуди андоз як намуди он иҷро нагардидааст. Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 7 миллиону 222 ,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 11,6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2016-2020-ум 113 лоиҳаро ба маблағи 266,5 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 январи соли 2019-ум 33 лоиҳа ба маблағи 161 миллиону 396 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст. Дар соли 2018 дар ҳудуди ноҳия 27 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулотро ба зиёда аз 113 миллион сомонӣ расониданд.

Ҷиҳати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 159 иншооти ҷашнӣ дар назар аст. Сохтмончиёни ноҳия  соли сипаригардида, ба маблағи зиёда аз 143 миллион сомонӣ корҳои сохтмониву васлкуниро анҷом додаанд. Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи пудратӣ бошад, зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил дод. Сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба андозаи беш аз 155 миллион  сомонӣ иҷро гардидааст. Дар самти нигоҳдории роҳҳо дар ноҳия давоми соли сипаригардида аз буҷаи маҳаллӣ 120 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои мумфарш намудани болопӯши пулҳо ва барои кашидани хатҳои уфуқиву  амудӣ барои болопӯши роҳҳои автомобилгарди ноҳия харҷ гардидааст.

Дар ин баробар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ба маблағи 222331 сомонӣ, ки аз ҳисоби буҷети мутамаркази ҷумҳурӣ ворид шудааст, корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳоро ба анҷом расониданд.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба беш аз 717 миллион сомонӣ расонида шуд.

А. САФАРОВА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорон роҳҳоро таъмиру мумфарш мекунанд

Соҳибкорон роҳҳоро таъмиру мумфарш мекунанд

Ҳаёти иҷтимоӣ

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
185 миллион сомонӣ барои рушди Ҷайҳун

185 миллион сомонӣ барои рушди Ҷайҳун

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат