Дар як сатр
» » Соҳибкорон роҳҳоро таъмиру мумфарш мекунанд

Соҳибкорон роҳҳоро таъмиру мумфарш мекунанд

28-02-2019, 22:22

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 156 адад биною иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Айни замон 31 адад иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ҳолати беҳдошти маҳалҳои аҳолинишин дар ноҳия беш аз 34 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд, ки аз ин 23 ҳазору 950 бех ниҳолони сояафкан, 5600 бех ороишӣ ва боқимонда дарахтони ҳамешасабз мебошад.

Заҳматкашони ноҳия соли 2018-ро бо нишондиҳандаҳои арзанда ҷамъбаст намуданд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷа 36 миллиону 994 ҳазору 968 сомонӣ ворид гардид. Дар соли сипаригардида дар ноҳия 2901   ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Тавре ки раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 198 миллиону 927 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 75 миллиону 531 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Маҳсулоти содиротӣ аз ҳисоби кишоварзони ноҳия бошад, 3217 тоннаро ташкил дод. Кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2019 дар майдони 1234 гектар ғалладона, 589,3 гектар сабзавот, аз он ҷумла пиёз, карам, сабзӣ ва дигар намуди сабзавот кишт намуданд.

Ҳамчунин дар майдони 441 гектар картошка ва 96,3 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд. Дар ноҳия аз майдони 4,8 гектар гармхонаҳо 180 тонна маҳсулот, аз қабили помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот истеҳсол намуданд. Аз майдони 18 гектар  183,1 тонна лимӯ истеҳсол карданд.

Тавре ки зимни нишаст зикр гардид, барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ки 231,9 километрро дар бар мегирад, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 310 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар маҷмӯъ дар соли сипаригардида дар роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта 093 километр таъмири асосӣ ва дар 145, 7 километр таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Дар ин давра бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 3,45 километр роҳ таъмири асосӣ ва 3 километр таъмири ҷорӣ ва 1 километр сангфарш гардидааст, ки дар умум маблағи он 915 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Ҳосили меваю сабзавот дар Шаҳритӯс фаровон шудааст

Ҳосили меваю сабзавот дар Шаҳритӯс фаровон шудааст

Арсаи кишоварзӣ
Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА