Дар як сатр
» » Бохтар ба ҷашни истиқлолият омодагӣ мебинад

Бохтар ба ҷашни истиқлолият омодагӣ мебинад

1-03-2019, 09:16

Дар шаҳри Бохтар  қисми даромади андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 102 фоиз иҷро ва ба буҷа 159,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 19,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар шаҳр тариқи равзанаи ягона 5548 адад субъектҳои  соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ бошад, дар нозироти андози шаҳр 75 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатномаи фаъолияткунанда, бо таъсиси 119 ҷойи корӣ ва бо патент 167 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Дар шаҳр 56 адад ташкилотҳои бонкӣ, филиалҳои ташкилоти қарзии хурд ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият намуда, барои рушди соҳибкорӣ 144,9 миллион сомонӣ қарзҳо  пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ 21,7 миллион сомонӣ, ба соҳаи савдо 58,1 миллион сомонӣ ба риштаи саноат, сохтмону нақлиёт 65,1 миллион сомонӣ ироа гардидааст.

Гардиши чаканаи мол дар ин давра маблағи 1 миллиарду 456, 6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли пешин 364,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ низ дар маркази вилоят ҷамъи маблағгузории асосӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 77,6 миллион сомониро ташкил дод. Маблағгузории мутамарказ бошад, 34,3 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ, 5,8 миллион сомонӣ ва соҳибкорон 21,9 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин баробар ба маблағи 90,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 52,2 миллион сомониро ташкил дод.

Тавре ки равшан гардид, тибқи нақша-чорабиниҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бунёду таъмири беш аз 300 иншоот дар назар аст. Ба ҳолати 1 январи соли 2019-ум 19 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ афзоиш ёфтааст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Шумораи бонувони корманд дар низоми  бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Шумораи бонувони корманд дар низоми бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Иқтисоду тиҷорат
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА