Дар як сатр
» » Дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррасанд

Дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррасанд

26-02-2019, 06:06

Дар соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Ёвон 890 миллион сомониро дар бар гирифт. Кишоварзони ноҳия дар майдони 25159 га зироат кишт намуданд, ки ин баробари 102 фоизи нақша мебошад.

Деҳқонон бо мақсади рӯёни-дани зиёда аз 2 ҳосил аз заминҳои корами обӣ дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳоро гузарониданд. Баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 "Дар бораи тасдиқи рушди соҳаи боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” кишоварзони ноҳия дар мавзеъҳои заминҳои лалмӣ, ки намнокиашон ба сабзиши ниҳолҳо мусоидат менамояд, бунёди боғу токзорҳоро ба роҳ монда, дар давоми панҷ соли оянда дар майдони 60 гектар замин бунёди боғу токзори навро ба нақша гирифтанд. Соли сипаригардида кишоварзони ноҳия 9 га боғи нав бунёд намуда, 8 га боғҳои куҳнаро аз нав барқарор карданд, - таъкид дошт раиси ноҳияи  Ёвон Амирбеки  Темур зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.

Хоҷагиҳои ноҳия соли сипаригардида бо дастгирии соҳибкорон 2850 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар содирот намуданд. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз 196 гармхона 384 тонна маҳсулоти барвақтӣ вориди бозорҳо гардид. Айни замон, дар гармхонаҳои мазкур беш аз 35 нафар шаҳрвандони ноҳия тибқи шартномаҳои  тарафайн кору фаъолият доранд. Тавре ки ба ҳамагон равшан аст, ноҳияи Ёвон ноҳияи саноатӣ ба шумор меравад. Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расид. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, ҳамчун беҳтарин маҳсулоти саноатӣ муаррифӣ гардид. Рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базаи корхонаи сементбарории "Чунгтсай моҳир семент” коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ бо иқтидори 70 метр қубурҳои гуногунҳаҷм дар як шабонарӯз мавриди истифода қарор ёфт, ироа гардид дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ёвон.

 Коргоҳи дигари тозабунёд корхонаи ордбарории ҶДММ "Нури сайёд” мебошад, ки дорои иқтидори коркарди 2,3 ҳазор тонна гандумро дар як сол доро мебошад, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ёвон коргоҳи консервабарорӣ, қаннодӣ ва нонвойхонаи ҶДММ "Ёсин”-и Ёвон ба фаъолият оғоз намуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Ёвон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд гардиданд, ки беш аз 136 нафар сокинон соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори  беш аз 2 миллион тонна семент, 20 тонна намаки ошӣ, 300 тонна  оҳаки сохтмонӣ, 4 миллион дона хишти сементӣ, беш аз 1 миллион дона гаҷкардон, беш 1 ҳазор тонна риштаи бофандагӣ, 4 миллиону 580 ҳазору 600  ҷуфт ҷӯроб, 2557 тонна орд ва ғайра истеҳсол намуданд. 

Тавре ки зимни нишаст қайд шуд, соли 2018 дар ноҳия 41 корхонаву   коргоҳҳои   саноатӣ   фаъолият намуда, ба маблағи 1 миллиарду 346 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати соли 2017-ум  23,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иншооти то инҷониб ба истифодадодашуда, дар ноҳия бунёди 341 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки дар аксарияти иншоотҳо корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Ҳамин тавр, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, бобати дастовардҳои варзишгарони ноҳия низ таъкид намуд, ки онҳо 105 медал, аз ҷумла 26 медали тилло ба даст овардаанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ёвон. Корхонаҳои саноатӣ ба хориҷа ба маблағи қариб ним миллиард сомонӣ маҳ ...

Иқтисоду тиҷорат

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Ёвон ба маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт

Ёвон ба маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт

Иқтисоду тиҷорат
Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА