Дар як сатр
» » Азнавсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ

Азнавсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ

1-03-2019, 11:59

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Кӯлоб низ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ карда мешавад.

Ба ин хотир зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳоро омода карданд. Дар боғи марказии фарҳангӣ-фароғатӣ корҳои азнавсозӣ оғоз гардиданд.

Давоми солҳои охир дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ як қатор иншоот сохта шуда буданд, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз рӯйи лоиҳаи нав ин иншоот пурра бартараф карда шуда, он ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза азнавсозӣ мегардад. Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Алишер Бобоҷонов  мегӯяд: «Аллакай нақшаи боғҳо омода гардидааст ва тибқи он дар шаҳр чор   боғи фарҳангӣ - фароғатӣ азнавсозӣ карда мешавад. Ин корҳо ба уҳдаи корхонаю ташкилот, аз ҷумла боғи фарҳангӣ - фароғатӣ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик», боғи 15 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва гулгаштҳои ба номи Саидҷон Назаров ва Сафар Амиршоев аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷрои-яи ҳокимиятҳои давлатии  вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб вогузор гардидааст, ҳамчунин рафти корҳоро комиссияи мақомот назорат мебарад.

Мавриди зикр аст, ки то ҷаш-ни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сохтмону азнавсозии беш аз 800 иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки иншоотҳои болозикр аз ҷумлаи онҳост.

 

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар Ховалинг боғи фарҳангӣ бунёд мегардад

Тандурустӣ ва экология

БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Иншооти нав дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб. 10 иншооти наврӯзӣ

Кӯлоб. 10 иншооти наврӯзӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА