Дар як сатр
» » САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР - ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР - ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

28-02-2019, 22:00

«Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад».

(Аз Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

БАКОРАНДОЗИИ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ БОМПӮШҲОИ АСБЕСТӢ

Дар ноҳияи Ёвон корхонаи нави истеҳсоли бомпӯшҳои асбестӣ бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Ин иқдом аз ҷониби ҶДММ «Муқим 1» дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобас-та ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардид.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур 500 ҳазор дона шифер буда, таҷҳизоти технологии корхона истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.

Корхона моҳи январи соли 2019 ба фаъолият оғоз намуда, аллакай 40 ҳазор дона шифер ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Шумораи коргарон 20 нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашудааст.

 

АЗМИ БУНЁДИ КОРХОНАИ НАВИ СЕМЕНТ ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ

Аз ҷониби ҶДММ «Моҳир семент» сохтмони корхонаи истеҳсоли семент аз клинкер ва бастубанди он дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон  идома дорад.

Мақсади асосии бунёди ин корхона содироти семент таваассути роҳи оҳан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Ашёи нимтайёр аз заводи сементбарории «Чжунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон тавассути роҳи оҳан то ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ интиқол дода мешавад.

Арзиши умумии корхона 300 миллион сомонӣ буда, иқтидори солонаи истеҳсолии он  600 ҳазор тонна семент мебошад.

Дар сурати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур барои 100 нафар ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳад шуд. Ба истифода додани корхона дар нимсолаи якуми соли 2019 пешбинӣ гардидааст.

Носирҷон Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ёвон. Корхонаҳои саноатӣ ба хориҷа ба маблағи қариб ним миллиард сомонӣ маҳ ...

Иқтисоду тиҷорат
Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ