Дар як сатр
» » ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

1-03-2019, 07:50

ГУЗОРИШ АЗ МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон,  Зоир Ҳабибзода, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ба баррасии рӯзномаи маҷлис масъалаҳо вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бармеоянд ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раёсати он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоятро дар давоми соли гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва вазифаҳои минбаъдаро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИМ ҲХДТ баён намуд.

Дар идома Давлат Ғаффорзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Каримҷон Файзиев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

Дар рафти баррасии масъалаи мазкур мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Зоир Ҳабибзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баромад карда, ба фаъолияти ҳизбиёни вилояти Хатлон баҳои баланд доданд ва ҷиҳати пешрафти кори минбаъдаи сохторҳои ҳизбии вилоят як қатор таклифу пешниҳодҳо баён намуданд.

Дар ин замина, Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва тасдиқ гардид.

Вобаста ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ба ҳайати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Раҳмон Исломиддин, раиси ноҳияи Данғара ба узвияти Раёсати маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қабул карда шуданд.

Ба аъзои фаъоли ҳизб Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён, Тоҳир Амиршозода, раиси ноҳияи Муъминобод ва Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун барои мусоидат дар таҳкими базаи моддиву техникии сохторҳои ҳизбии ноҳияҳои номбурда Сипосномаи муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад тақдим гардид.

Дар охир, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритӯс нақлиёти хизматӣ тақдим намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳизбӣ харидорӣ шудааст. Вобаста ба ин, қайд гардид, ки то охири соли 2019 базаи моддиву техникии ҳизб ба маротиб такмил ёфта, дар ин муддат сохторҳои ҲХДТ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят пурра ба автомашинаи хизматӣ ва биноҳои маъмурӣ таъмин мегарданд.

Дар ин ҳошия китобҳои таҳиянамудаи сохтори вилоятии ҲХДТ таҳти унвони "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ” (дар мисоли бунёди НБО-и "Роғун”), "Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ” ва Хатлон (Роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ) рӯнамоӣ шуда, нусхаҳои китобҳои мазкур ба иштирокчиёни маҷлис тақдим гардиданд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАШАББУСИ ҶОЛИБИ КИ ҲХДТ ДАР ХАТЛОН

Хабарҳо

«ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»

Хабарҳо
«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА