Дар як сатр
» » АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ САҲМИ БУЗУРГ ДОРАД

АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ САҲМИ БУЗУРГ ДОРАД

28-02-2019, 18:45

Рӯзи 23 феврали соли равон мардуми сарбаланди кишвар 26-умин солгарди таъсис-ёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  азизамонро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат, дар толори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Дар чорабинии мазкур масъулину намояндагони сох-торҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд. Ҷамъомадро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида, доир ба хизматҳои арзандаю содиқонаи сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи ватани азизамон сухан ронда, таъкид дошт, ки имрӯз аз саодат ва нусрати истиқлолу озодӣ ва баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ватандор шуд ва Парчами давлати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ партавафшон аст.

Роҳбари вилоят зимни суханронӣ аз нахуст рӯзи таърихи 23 феврали соли 1993 ёдовар шуда, оид ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон ва ҷон дар каф ниҳода, сарбозону афсарон амнияти халқу ватани азизи худро дар он шароити вазнину душвор иҷро менамуданд, нақл намуд.

- Бо гузашти 26 сол аз рӯзи таъсисёбӣ қудрат, нуфуз ва санаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфт, - афзуд раиси вилоят зимни суханронӣ. Дар ҷамъомад, ҳамчунин, аз хизматҳои пуршараф ва ватандӯстонаи ҷанговарони башардӯсти тоҷик, ки  баҳри иҷрои рисолату супоришҳои низомӣ дар давлати ҳамсояи Афғонистон қаҳрамониҳои бемисл нишон дода ва қисме ба ҳалокат расиданд буданд, шуҷоати онҳоро намунаи беҳтарини ватандорӣ барои насли наврасу ҷавонони имрӯза арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии онҳо саҳмгузор буданро таъкид доштанд.

Раиси вилоят дар фарҷоми суханронии хеш таъкид дошт, ки ҳомиёни ватан хотири ҷамъи падару модарон, осудагии тифлакон ва эътимоди кулли мардуми Тоҷикистон мебошанд.

Аскарону афсарон, кормандони Комиссариати вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо ифтихорнома ва дигар мукофотҳо сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, ба оилаҳои сарбозони содиқи ватан, ки ҳангоми адои хизмат ба шаҳодат расида буданд, кумаки пулию молӣ супурда шуд.

Пас аз ҷамъомади танта-навӣ барномаи консертии ҳунармандони вилоят, ки тараннумгари ғояҳои ватандорӣ, модар, ҳифзи марзу буми кишвар буданд, пешкаши ҳамагон гардонида шуд.

 

ВАХШОНА,
«Хатлон»
Аксҳои М. СОТИЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қувваҳои мусаллаҳи кишвар амнияти моро чун сипар ҳимоя мекунанд

Қувваҳои мусаллаҳи кишвар амнияти моро чун сипар ҳимоя мекунанд

Ҳокимияти давлатӣ
«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

Ҳокимияти давлатӣ
«АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ»

«АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баҳодурзода ба табрики сарбозон рафт

Баҳодурзода ба табрики сарбозон рафт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Артиши сулҳовари мо

Артиши сулҳовари мо

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо