Дар як сатр
» » Тасдиқи халтачаҳои Наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

Тасдиқи халтачаҳои Наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

28-02-2019, 16:39

21 феврал дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.

 

Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои туҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.

Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани туҳфа аз он истифода кунанд.

Туҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шаванд.

Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шаванд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛӢ БАРОИ СОЛИ 2019 ТАСДИҚ ШУД

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛӢ БАРОИ СОЛИ 2019 ТАСДИҚ ШУД

Фарҳанг ва адабиёт
Ангораи «Наврӯз-2019»

Ангораи «Наврӯз-2019»

Фарҳанг ва адабиёт
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА