Дар як сатр
» » Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара

28-02-2019, 15:11

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.

 Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара

Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисони соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмӯъ ҳазор нафар иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Соли гузашта бо истифодаи самараноки замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз ноҳияи Данғара ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид.

Имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд. Сарвари давлат шахсан дарахти себ шинонида, мардуми ҷамъомадаро ба саҳмгузорӣ дар таъсиси боғ ҳидоят карданд.

Дар маъракаи имрӯза себҳои навъи «Фуджи атсек» - 28 ҳазору 500 ниҳол, «Модӣ» - 16 ҳазору 200, «Ҷералдинӣ» - 16 ҳазор ва «Пингледӣ»-3 ҳазор, дар маҷмӯъ 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд.

 Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳаи боғдорӣ аз навъи тагпайванди себи «Модӣ» - «ММ -106» ҳосилнокӣ аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони ноҳия барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия ворид карда шудаааст.

Хоҷагидорон аз тракторҳои парки муосири хизматрасонии техникии ноҳия ба таври самаранок истифода мебаранд. Дар маъракаи имрӯза низ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид.

Баъди шинонидани дарахтони себ ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мардуми ҷамъомада дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, рушди соҳаҳои боғдорӣ, занбуриасалпарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар, гирифтани даромади хуби иқтисодӣ, рушди деҳот, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.

 

www.president.tj



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БУНЁДИ «БОҒИ ҶАВОНОН» ДАР ҚУБОДИЁН

Хабарҳо
Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Рекорд дар Шаҳритус. 65 ҳазор ниҳол шинонида шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Шинонидани 80 ҳазор ниҳол дар Фархору Темурмалик

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА