Дар як сатр
» » Чоҳкан зери чоҳ

Чоҳкан зери чоҳ

26-02-2019, 07:10

Барои ҳар миллату фарди худогоҳ, боору номус худшиносии миллӣ ва истиқлолияту давлатдории хешро  донистану қадр  кардан воҷиботи аввалин   аст. Шукр мекунем, ки неъмати бузурги худовандӣ - тинҷу оромӣ, ободиву зебогӣ ва рӯз ба рӯз рушд ёфтани соҳаҳо дар ватани соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву оқилона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст. 

Мутаассифона, гурӯҳи  нохалафе аз ҳаммиллатони мо, таҳти роҳбарии Кабирии хоину мазҳабфурӯш бо тӯдае аз хокистарҳояш бо ишораву маблағгузориҳои хоҷаҳои хориҷиашон ин ҳама пешравию дастовардҳоро  нодида гирифта, ба миллату ватани хеш  хиёнаткорона туҳмат мебофанду худро ҳомӣ мешуморанд. Ба замми ин бо маблағҳои ҳароми хоҷаҳои хориҷиашон даҳон ширин намуда, ба худ унвон медиҳанду  вазифа мебофанд. Гоҳе «анҷуман» меороянд, гоҳе чор-панҷ нафар шуда «тазоҳурот» ташкил мекунанду  гоҳо худро роҳбари ташкилоти хаёлӣ  ва ҳеҷ кас эътироф нанамуда  «паймони миллӣ» мехонанд.

Баръало маълум аст ва дар тамоми ақсои ҷаҳон ба хубӣ фаҳмидаанд, ки ҷанги бемаънии солҳои 90-ум бо хунрезию бесару сомонӣ, вайронкориву валангоркунӣ аз дасти наҳзатиҳо (ТЭТ ҲНИ) ва ҳаминҳо барин ношук-рону душманони дохилӣ ибтидо гирифта буд. Занон, модарону хоҳарони  бешавҳар монда, кӯдакони зиёди аз меҳри падар маҳрум, миллионҳо ҳисороти ҷонию  молӣ ба  миллати тоҷик аз қадами шуми онҳо расид.

Имрӯз ҳам аз рӯи маълумоти саҳеҳу равшан баръало маълум аст, ки Кабирӣ бо дигар ҳаммаслакони тиннату замирашон сиёҳ, мехоҳанд аз нав сарҳо буридаву  ҷонҳои зинда зери хок шаванд, наврасону кӯдакон бесаробон монанд. Ғайр аз ин, дигар ҳеҷ мақсаде надоранд. Агар ин тоифа заррае даъвои мусулмонӣ доранд, пас барои чӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои характери иртиҷоидоштаи террористиву экстремистӣ ва ифротӣ пайравӣ карда, кӯшиш мекунанд, бо ҳар роҳу восита ватан, миллаташонро бадном созанд?!

Даъвоҳои ин хоинони миллат ва мазҳабфурӯшон аз ибтидо то интиҳо беасос аст. Онҳо худ ба манфиати тоҷикистониён чизе накардаанду намекунанд. Аз ин рӯ,  мебояд тамоми миллати тоҷик, ҳамватанони баору номуси Тоҷикистон, чи дар дохилу чи дар хориҷ, як тану як ҷон шуда, барои манфиати давлату ҷомеаи навини тоҷикон, баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ  боз ҳам зичтар гардему  нисбати ободии он саҳмгузор бошем, аз  хоину мазҳабфурӯш ва худозадаҳо Тоҷикистони биҳиштосоро ҳифз намоем.

 

МуҳаммаддовудҲалимов,

раиси КИ ҲХДТ дар

ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чоҳканҳо зери чоҳанд

Хабарҳо, Сиёсат

ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Хабарҳо

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Номаҳои Шумо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ