Дар як сатр
» » СИЁҲКОРИИ НАВБАТИИ КАБИРИИ ГУРГСИРАТ

СИЁҲКОРИИ НАВБАТИИ КАБИРИИ ГУРГСИРАТ

25-02-2019, 07:09

Чанде пеш аз тариқи интернет барномаи мустақим бо унвонии «Гуфтугӯйи  рӯ ба рӯйи М. Кабирӣ» пахш гардид. Онро бо диққат тамошо кардам. Ин барнома ҳикояти «Гург ва буз»-ро ба  хотир меовард, ки дар он чунин  омадааст: Гурги гуруснае ба азми шикор берун баромада, болои баландие бузеро мебинад. Гург имкони боло баромадан надошт. Роҳи ҳилларо пеш мегирад. Бо ваъдаи алафи фаровон бузро таклифи поён фаромадан мекунад. Вале буз ҳам аноӣ набуд. Дар посух мегӯяд: «Эй гург, ту ғами маро не, ғами шиками худатро мехӯрӣ»:

Ба ҳамин монанд, Муҳиддин Кабирӣ ҳам, имрӯз чун он гург  гурусна мондааст. Ҳар гоҳ ӯ Тоҷикистону Душанберо ёд мекунад, дилаш об мешавад, месӯзад.Ин дилсӯзӣ на барои Тоҷикистону халқи он аст, балки барои он сарвату бойигарӣ ва роҳату фароғате, ки ин ҷо дошт, вагарна миллати тоҷик, халқи Тоҷикистон барои ӯ як пули пучаке арзиш надорад. Агар чунин намебуд, куштору хунрезиҳои нӯкарони ҳамсафу ҳизби террористиаш-ТЭТ ҲНИ аз баҳри чӣ буд? Ҳамин амалҳои содиркардааш боиси фирори ӯ гардид ба хориҷи кишвар, назди хоҷагонаш.

Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ пеши онҳо низ қадре надорад. Зеро ӯ маблағҳои гирифтаашро барои иҷрои супориш "ҳалол” карда натавонист. Аниқтараш мардуми Тоҷикистон ба ин роҳ надод. Ҳизбу зархаридонашро саркӯб намуд. Кабирӣ бошад, қаблан думро хода кард. Ӯ имрӯз барои дар-ёфти маблағ  ба ҳар як офиси ҷоҳталаби хориҷӣ сар мехалонад. Барои дастрас кардани маблағи навбатӣ аз сиёҳкорию туҳмату буҳтон ба унвони мардуми Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат рӯ намегардонад.  Ҳамин баромади намоишкоронаи ӯ аз тариқи интернет низ ба хотири сиёҳкорӣ буд. Ӯ  хост бори дигар худро чун сиёсатмадор, ҳомии миллати тоҷик нишон диҳад. Вале дар ин баромадаш  ба мисли як бечораю гадое ба назар мерасид.  Ба саволҳои мухлисонаш, ки аксар дар хориҷи кишвар паноҳанда шудаанд, ҳатто ҷавоби дуруст дода натавонист. Хост чун дузди зӯр соҳиби говро бандад. Вале ҳар дафъа чун тири каҷ ҷавобаш мувофиқат намекард,  ҳар дам аз ҷавоб мегурехт, сари масъалаи дигар мегузашт.

Бори чандум аст, ки Кабирӣ сари масъалаи таърихи Тоҷикистон ва алалхусус дар бораи босмачию босмачигарӣ бармегардад.  Аз онҳо қаҳрамони миллат метарошад. Ин сабаб дорад. Чаро ки худи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш айнан кори босмачиёнро такрор намудаанд. Шояд Кабирӣ ҷонибдори пантуркизму давлатдории манғитиён бошад. Охир   босмачиён ҳам давлатдории манғитиёнро ҳимоя карда буданд, феълан  нишонаҳои ин монандӣ ҳам дида мешаванд. Яке аз инҳо  куштори муаллимон   аз тарафи босмачиён буд. Солҳои фаъолияти ҲНИ низ аъзои он нони муаллимро ҳаром ҳукм карда буданд ва агар пеши роҳи онҳо гирифта намешуд, шояд фатвои қатли муаллимро ҳам мебароварданд. Магар чунин ашхос бо чунин афкору ақида барои миллати тоҷик кори некеро иҷро карда метавонанд, ҳаргиз не.  Инро худи халқи Тоҷикистон нағз фаҳм кардааст.

Не, Кабирӣ, ту дигар барои Тоҷикистону халқи он бегонаӣ. Касе андешаи онро надорад, ки ту барои ин сарзамини орому осоишта, ваҳдатбор, ки мардумаш пайи рушду нумӯи он заҳмат мекашанд, кори некеро анҷом диҳӣ, ба ҷуз ниятҳои муғризона ва манфиатҷӯёнаи худ. Инро ҳам нағз дар хотир дор, ки мардум амалҳои содирнамудаи туву ҳаммаслаконатро намебахшад.  

Р. СОЛЕҲОВ,

омӯзгор, ноҳияи Восеъ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кабирии босмачӣ

Хабарҳо

СИЁҲКОРИИ НАВБАТИИ КАБИРӢ

Хабарҳо, Сиёсат

КАБИРӢ ЧӢ ҶАВОБ МЕДОДА БОШАД?

Хабарҳо, Сиёсат
КАБИРӢ ЧӢ ҶАВОБ МЕДОДА БОШАД?

КАБИРӢ ЧӢ ҶАВОБ МЕДОДА БОШАД?

Хабарҳо, Сиёсат

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо