Дар як сатр
» » «Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавсим

«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавсим

3-10-2017, 12:42

«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавсим


Субҳи рӯзи 2 октябри соли равон дар саҳни комиссариати ҳарбии ноҳия бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши шукӯҳманде баргузор гардид. Дар он баробари ҷавонони даъватию волидайнашон, инчунин раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Нахуст, раиси ноҳия Садриддинзода Нуриддин Талбак дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин муносибат табрик гуфт. ӯ аз ҷумла чунин изҳор дошт: “Итминони комил дорам, ки ҷавононе, ки имрӯз ихтиёран барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, бо хизмати софдилона ва рафтори намунавиашон номи ноҳияро дар тамоми кишвар баланд хоҳанд бардошт ва бо сари баланд назди волидонашон бармегарданд”.

Пасон, Шаҳриннисо Худойназарова аз Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” ва ҳамзамон модари яке аз ҷавонони даъватшуда ва Умурзоқ Майдаев, аз Ҷамоати деҳоти «Наврӯз», падари яке аз ҷавонони даъватшуда, суханронӣ намуда, ба тамоми ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.

«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавсим

Сипас, маросими кулчагазон доир гашт, ки дар он ҷавонони даъватшуда аз кулчаҳои овардаи модаронашон газиданд ва тибқи анъана, модарон ба хотири дубора чашидани намаки ин кулча онро то рӯзи аз хизмат баргаштани фарзандонашон маҳфуз медоранд.

Қабл аз гузаштани ҷавонони даъватшуда аз муоинаи комиссияи тиббӣ санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия ҷиҳати ба таври хотирмон хайрухуш намудани ҷавонон бо волидайнашон барномаи консертии ҷаззобро пешниҳод намуданд. Таҳти навою рақсу бозӣ ҷамъомадагон бо якдигар худоҳофизӣ намуданд ва ҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Бино ба гуфтаи Саидзода Бозоргул, муовини раиси ноҳия ва ҳамзамон раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи артиш, дар рӯзи аввали даъват шумораи хеле бештар аз нақшаи ҷавонони ноҳия ихтиёран омада аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Аз ин миён вазъи саломатии 110%-ашон ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҷавобгӯ буданд, ки онҳоро барои дубора гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба маркази маъмурии вилояти Хатлон гусел намуданд.

Дар ҳоле, ки ин матлаб барои нашр омода мегардид, Шуҳрат Сафаралиев, комиссари ҳарбии ноҳия, зимни як тамоси телефонӣ иттилоъ дод, ки аз ҷамъи ҷавонони ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон фиристодашуда солиму бардам будани ҳамаашон тасдиқ гардид. "Бо ҳамин нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро дар сатҳи ҷумҳурӣ аввалин шуда сарбаландона иҷро намудем", - афзуд Ш. Сафаралиев.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ноҳияи Носири Хусрав соли 4-ум аст, ки чӣ дар сатҳи вилоят ва чӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артишро иҷро менамояд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
"Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Довталабони адои хизмати аскарӣ зиёданд

Довталабони адои хизмати аскарӣ зиёданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ноҳияи Н. Хусрав даъвати баҳориро иҷро кард

Ноҳияи Н. Хусрав даъвати баҳориро иҷро кард

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА