Дар як сатр
» » Ифтитоҳи 5 иншооти нави тиббӣ дар Хатлон

Ифтитоҳи 5 иншооти нави тиббӣ дар Хатлон

25-02-2019, 10:06

Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон имрӯз 53 бунгоҳ ва 22 Маркази саломатии деҳотро дар ихтиёр дошта, аз ҳамин шумора 5 бинои муассисаи тандурустӣ садамавию дар биноҳои ғайримуқаррарӣ ҷойгир шуда буд. Хушбахтона, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи декабри соли гузашта сохтмони 2 Маркази саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳасан Ҳусейнов ва "Чоргул”-и ноҳияи Ёвон, 2 иншооти нави тиббӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ азнавсозӣ гардид. Худи ҳамин моҳ иловатан бинои навсохти Маркази саломатии деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ки директори Маркази саломатии деҳоти ноҳияи Ёвон Майсара Шарифова иброз намуд, қаблан шароити хизматрасонии муассисаи тиббии болозикр на он қадар хуб буда, норасоии мутахассисони соҳибкасбу дастгоҳҳои тиббӣ мушоҳида мешуд. Бо шарофати сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолиикишвар мо ба орзуҳои деринаи худ расидем ва кӯшиш бар он медиҳем, ки ба маризон хизмати босифати тиббию санитариро оҷилан расонем.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти тиббӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят ва табибону шумораи зиёди сокинон ширкат варзида, ба сифати корҳои анҷомёфта, ки аз ҷониби сохт-мончиёни ҶДММ "Ваҳдат” ба сомон расидааст, баҳои баланд доданд. Зикр рафт, ки лоиҳаи меъморӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, дар дохили бинои асосӣ 7 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва дар шафати он дигар иншооти ёрирасон бунёд карда шудааст.

Чунин менамуд, ки дар ин рӯз аз табибону ҳамшираҳои шафқат дида, сокини деҳа холаи Қумрӣ бештар хушҳол буд, зеро орзуи деринаи ӯ ҷомаи амал пӯшид. Ин ҳам бошад, аввалин шуда дар бинои нав набераашро пизишкон бо истифодаи дастгоҳҳои муосир ройгон хатна намуданд.

-Аз таҷрибаи ҳаётӣ метавонам ёдовар шавам, ки солҳои пеш мо барои хатнаи кӯдакону наберагони хеш ба табибони халқӣ муроҷиат менамудем ва дар натиҷа борҳо шоҳиди он гаштаем, ки кӯдакон ҳам азоби рӯҳӣ мекашиданд ва ҳам ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешуданд. Раҳмат ба Ҷаноби Олӣ, ки дас-тур доданд, то дар назди марказҳои саломатии деҳот ҳуҷраҳои алоҳидаи хатна ташкил карда шавад ва аз хизматрасонии баландсифати табибон истифода бурдем. Ин имкон медиҳад, ки писарбачаҳо ба зудӣ бе ягон ориза шифо ёбанд, - гуфт зимни суҳбат Қумрӣ Алиева, як тан аз бошандаи Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов.

Бинои Маркази саломатии деҳоти Ширинчашма бо сарфи 1 миллиону 230 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, ҳамчунин дар ҳаҷми 282531 сомонӣ мизу курсӣ, ҷевон, рахтҳои мулоими нишасту хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ харидорӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои расонидани кумаки аввалия ҳамчунин як адад нақлиёти ёрии таъҷилии махсусгардонидашуда бо дастгоҳу лавозимоти муосири ташхисиву табобатӣ таъмин гардидааст.

Метавон гуфт, ки бо дастгирии Лоиҳаи беҳтарку-нии хизматрасонии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ корҳои азнавсозӣ дар ду иншооти тиббии дигар дар ноҳияи Ёвон бо суръати баланд идома дорад.Баъди анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ дарноҳияи Ёвон мардум аз хизматрасонии беҳтарин мутахассисони соҳибкасб бархӯрдор хоҳанд гашт.

Қурбоналӣ Қурбонов,

машваратчии маҳаллӣ оид

ба кор бо ҷомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Тандурустӣ ва экология
Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Тандурустӣ ва экология
Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар хатлон

Тандурустӣ ва экология
Беш аз 14 миллион сомонӣ барои  cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Тандурустӣ ва экология
Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тандурустӣ ва экология