Дар як сатр
» » Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо

Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо

26-02-2019, 09:05

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша таъкид бар он доранд, ки қобилияти зеҳнии насли имрӯзаро ба донишандӯзӣ, махсусан аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ, интихоби касбу ҳунар, омӯзиши технологияи муосир равона созем.

Вобаста ба ин, кормандони  муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» озмуни китобдорони  китобхонаҳои  вилоятӣ ва китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Кӯлобро дар мавзӯи «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» бахшида ба «Рӯзи компютерчиён” баргузор намуданд.

Мақсади баргузории озмун аз он иборат буд, ки савияи дониши китобдорони  имрӯзаро баҳри рушду аз бар намудани  илму технологияи муосир равона гардонида, қобилияти касбиашонро   нисбати  он баланд бардоранд. Китобдоронро мебояд, ки ҳарчи бештар адабиёти мафҳуми иттилоотидоштаро аз бар намуда, савияи дониши хешро нисбати   омӯзиши технологияи коммуникатсионӣ  пурзӯр ва баҳри равнақи ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат намоянд, қайд гардид дар ифтитоҳи озмун.

Дар ҷамъбасти озмун Фирӯза Абдуллоева, китобдори китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи якум, Назокат Раҳмонова, китобдори муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб», Абдусаттор Одилов,  саркитобдори китобхона - филиали №8-и Ҷамоати деҳоти "Даҳана” сазовори ҷойи дуюм  ва Зикамо Сафарова, китобдори китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи сеюм гардиданд. 

Иштирокчиёни фаъоли озмунро директори муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Сад-риддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» Саймуҳаммад Обидов бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Саодат  Абдуллоева, 

корманди  муассисаи

давлатии  «Китобхонаи

оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ

дар шаҳри Кӯлоб»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Фарҳанг ва адабиёт
Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Зарурати ташкили китобхонаҳои электронӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА