Дар як сатр
» » Булбуле дар гулбоғи санъат

Булбуле дар гулбоғи санъат

26-02-2019, 07:00

Ҳабибулло  Бекмуҳаммад булбуле дар чаманзори санъати ватан буд. Дилаш ба миллат, ба ҳар фарзанди бонангу номуси ин диёр месӯхт. Соли 1993 дар қатори дигар сурудҳояш чанд сурудеро замзама мекард, ки аз Худованди муттаол илтиҷо дошт, то  тоҷикони ғарибгаштаро ба диёр баргардонад. Чунин андеша дошту ташвиш. Боре ҳини суҳбат дар телевизиони вилояти Хатлон, ки он вақт Ҳабибулло Бекмуҳаммад директори ансамбли тарона ва рақси он таъйин шуда буд, шиори ман дар зиндагӣ ин шоҳбайт аст гуфт:

Ба пастиҳо нахоҳам ҷуст
роҳи сарбаландиҳо,
Баландиро ман аз кӯҳи баланди
 хеш ҷӯёнам.

Баъди сукути кӯтоҳ афзуд: "Агар овози дилчаспу дилангез надоштаву писанди ҳамдиёрон набошӣ, беҳтараш ба саҳна набаро, худро ҳофиз муаррифӣ макун. Овози фораму дилангези ҳофиз бояд ба шунаванда шӯру ҳаловат бахшад, дар олами рангоранги серҷилои самои хушҳолиҳо ба ӯ як ҷаҳон шодӣ бахшад.

Рости гап, бародар, ба ман на ҳар як шеъру суруд писанд меояд. Бисёр мутолиа мекунам, шеъру сурудҳои дилчаспу писандро меҷӯям. Агар шеър ё суруди писандидаамро пайдо кунам, беҳад шоду мамнун мегардам. Ман шеърҳои шоирони гузаштаву имрӯзаи тоҷикро бисёр мехонам. Асарҳои пурмазмуну безаволи устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Хайём, Ҳилолӣ, Гулханӣ ва ғайра писанд аст. Шеърҳои панду ахлоқиро бештар дӯст медорам ва бо меҳру муҳаббат аз ёд карда, ба оҳанг дароварда месароям. Барномаам қариб пурра аз шоҳбайтҳои панду ахлоқии бузургони адабиёт иборат аст.

Ҳофизӣ барои Ҳабибулло меросист. Падараш Бекмуҳаммад ҳофиз ва гӯруғлисарои номдори деҳаҳои Хуҷаи Нур ва Кангурт буд. Бекмуҳаммад Холзода гӯруғлиро чунон бо овози хушу фораму дилчасп ва гуворо месароид, ки шунаванда баробари қаҳрамонони гӯруғлӣ шоду ғамгин шуда, ҳатто аз чашмҳо ашк мерехт. "Бихон Бекмуҳаммад!”, "Ҳалолат бод, ҳофизи ширинсухан!”, "Қоил кардӣ, ҳофизи хушхон!” ситоиш мекарданд мардуми Кангурт  Бекмуҳаммади гӯруғлихонро.

Ҳабибулло мухлисони зиёде дошта, аз садои фораму дилнишини сурудҳои ӯ  ғизои маънавӣ мебардоштанд. Ӯ  булбуле буд дар гулбоғи  санъати Тоҷикистони нозанин. Вуҷудаш    моломоли меҳри  ватан буд. Пайваста меомӯхт, сурудҳоеро интихоб мекард, ки бо андарзҳо, панду ҳикматҳо, лаҳни хушу овози ширадораш ба муштариён шодкомӣ, завқу неру бахшида, онҳоро ба  корҳои шоис-та,  амалҳои нек ҳидоят намояд.  Зеро барномаи ҳунараш аз суруду  оҳангҳои анъанавӣ,  классикӣ, бадеҳа иборат буда,  ба дили мухлисони сершумораш роҳ меёфт.

Ҳабибулло ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ ба дуторнавозӣ, сурудхонии падари бузургаш  Бекмуҳаммад гӯш дода, ба ҳунари ӯ майл пайдо кард. Дар хона ва маъракаҳо  паҳлуи падар нишаста, бо садои  форами мусиқӣ ва овози  сурурбахши падар гӯш дода, илҳоми хаёлаш дар баландиҳои  кӯҳсори  диёр парвоз мекард.

Ҳабибулло Бекмуҳаммад  солҳои  навадуми қарни гузашта дар  идораи  барномаҳои мусиқии  радиои кишвар ба хазинаи тиллоии радиои тоҷик чанд суруди худро ворид кард, ки тавассути радио садо дода, сафи муштариёнашро афзуд. Касе, ки як маротиба  лаҳни хушу нағмаҳои ҷонгудози  Ҳабибуллоро шунида бошад, ба садои  хушу навоҳои дилошӯбаш  мафтун гашта, лаззати маънавӣ  бардошта, хоҳиши такрор ба так-рор шунидани онро мекунад.

Ҳабибулло чанд  муддат дар  ансамбли давлатии  "Дарё” - и Кумитаи  телевизион ва радиои  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон кор  карда, як силсила сурудҳои пурмазмуну  шавқоварро ба муштариёнаш ҳадя намудааст. Бо  овози  ширину  баланду гуворояш  сурудҳои фалак ва лирикиро ба дараҷаи баланд  иҷро  карда, шунавандагонро мафтуну  шайдо мегардонд. Дар  барномаи  Ҳабибулло Бекмуҳаммад  ҳамаи  сурудҳо аз шоирони  гузашта ва  муосири  тоҷиканд, мазмуну  мундариҷаи баланд  доранд, ба дили муштариён  роҳ ёфта, онҳоро  ба  сайри олами зебоӣ, дунёи рангоранги ширину  гуворо  мебаранд, ба шоҳроҳи  неку хушбахтиовари  ҳаёт  даъват карда, дарди дили  муштариёнро  ифода   менамоянд. Ҳабибулло  барои  дарёфти як  суруди  мувофиқ моҳҳо  ва  солҳо  ҷустуҷӯ  мекард, даҳҳо китобро мутолиа  менамуд, бо бисёр шоирон ҳамкорӣ  дошт.

-Ҳар кас дар ҳаёт ҷойи  худ,  мавқеи худ ва роҳи  худро дорад,-мегуфт шодравон  Ҳабибулло. -Аз беҳтаринҳо  омӯхтан шарт  аст, вале ҳар кас  бояд бо усули худ  хонад. Ман ҳунари ҳофизони  номдори кишвар,  ба монанди  Акашариф Ҷӯраев, Абдулло  Назриев, Зафар  Нозимов, Муқим  Ҷӯраев,Ҷӯрабек  Муродов, Файзалӣ  Ҳасан, Барот Яхшӣ,  Шумқор Одинабек, Одина  Ҳошим, Иброҳим Кобулиев ва дигаронро  меписандам. Ҳар гоҳ  ошуфтаҳол гардам, ин  шоҳбайти  Ҳофизро такрор мекунам:

Сина моломоли дард аст, эй
 дареғо, марҳаме,
Дил зи  танҳоӣ ба ҷон  омад,
 Худоё, марҳаме.

-Ман ба давлатҳои хориҷӣ кам сафар кардаам,- мегуфт Ҳабибулло  Бекмуҳаммад.- Тоҷикистони  азизи мо  беҳтарин  ва зеботарин давлати рӯйи  замин аст. Дарё дорем, кӯҳ дорем, водӣ  дорем, замини зархез  ҳам дорем. Дар баъзе давлатҳо  ҳатто  оби ошомиданӣ  намерасад, қисми  дигараш замини  ҳосилхез надорад, сеюмаш ҷангзада аст ва ғайра.  Мо бояд шабу рӯз   шукронаи Тоҷикистон, шукронаи  Сарвари хирадманди худро  кунем. Солҳои навадуми қарни  бист  чӣ ҳол  доштем? Рӯ ба раҳми  Худо будем, он солҳо одами  шодро намедидем, имрӯз тамоми аҳолии  кишвар шоду мамнун буда, аз ҳаёт  розианд. Аз бахти  баланди  хеш меболанд.

Дили  Ҳабибулло Бекмуҳаммад аз ишқи  ватан  ҷӯш мезад, пайвас-та  дар васфи Тоҷикистони  азиз, зодгоҳаш  Кангурт сурудҳои нав ба нав эҷод мекард, бо меҳр,  бо завқ, бо услуби хоси худ  месуруд ва он ба  мухлисон, ба ҳамдиёрон писанд омада, хуш  қабул мекарданд. Умре  ӯ  ҷӯёи саодат ва  хушбахтӣ  буд, ки ҳунару  истеъдоди худододаш ӯро ба қуллаи мурод  расонд. Қариб  ҳар  рӯз  ӯ бо сурудҳои рӯҳпарвару дилпазираш ба одамон  шодӣ мебахшанд.  Ӯ орзуҳои зиёде дар дил дошт.

-Медонед чӣ, – дар мулоқоти охирин, аниқтараш дидори охиринамон гуфт Ҳабибуллоҳ,- ман як  орзу дорам: ҳамаи  хешу табор, ёру дӯстонро  дар як  ҷой  ҷамъ карда, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар шавем.Орзу дорам  бо сурудҳои тозаэҷоди худ хотири  мухлисон ва  авлодонамонро шод  созам. Дар ятимхона – мактаб - интернати Кангурти  ноҳияи  Совет (ҳозира ноҳияи Темурмалик) бисёр шахсиятҳои номдор хондаанд,  баромад кунам, хотири  ятимонро шод созам. Охир, бузургон фармудаанд:

Ҳар кӣ  хандонад  ятими 
хастаро,
Боз  ёбад  ҷаннати 
дарбастаро.

-Нақшаҳои   неки дигар  ҳам  дорам. Умр вафо кунад  мухлисонамро бо як барномаи калони консертӣ шод  хоҳам кард,- мегуфт Ҳабибулло.

Вале  умр  ба Ҳабибулло  Бекмуҳаммад вафо  накард, нияту орзуҳои некашро  амалӣ карда натавонист. Марги бемаҳал ӯро аз байни мо ба дунёи абадият бурд. Эҷодиёти рангорангаш, сурудҳои баландмазмуну пандомезаш, хислатҳои наҷиби инсониаш аз хотири  ёру  дӯстон ва мухлисонаш ҳаргиз фаромӯш  нахоҳад шуд.

Б. САЙДАЛИЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ