Дар як сатр
» » Қасри нав дар хизмати мардум

Қасри нав дар хизмати мардум

23-02-2019, 12:59

Фароҳам овардани шароити созгор  ба  фаъолияти кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон беҳбудӣ бахшид. Охири соли 2018-ум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бинои наву замонавии Қасри фарҳанг сохта, ба истифода дода шуд.

Хиробон Судурова солҳост, ки дар бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон кору фаъолият дорад. Ин ҳунарманд имсол бо фароҳам омадани шароит дар бинои наву замонавии Қасри фарҳанги ноҳия наврасонро ҷалб намуда, ба онҳо санъати дуторнавозиро меомӯзонад. «Наврасон барои навохтани асбобҳои миллӣ завқи беандоза доранд. Дар ду гурӯҳ 12 нафар наврасонро ҳунари дуторнавозӣ меомӯзонам ва дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар чорабинии фарҳангӣ бо шогирдонам баромад мекунем, - мегӯяд ин бонуи ҳунарманд».

Дар бахши фарҳанги ноҳияи Балҷувон 111 нафар кору фаъолият доранд ва бо сохта ба истифода додани Қасри фарҳанг шароити кории онҳо беҳтар гардида, ҳамарӯза барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои дар пешистода омодагӣ мегиранд. Айни замон, кормандони бахши фарҳанг барномаи нави консертӣ омода карда истодаанд. Мудири шуъбаи фарҳанг Азизулло Талбов зимни суҳбат чунин иброз дошт: «Дар баробари бунёди Қасри фарҳанг соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Раҳимов ба мо асбобҳои муосири тақвияти овоз дастрас намуд, ки кори моро   осон мегардонад».

Солҳои пеш бахши фарҳанг аз норасоии мутахассисони соҳа низ танқисӣ мекашид ва барои омода кардани барномаҳои фарҳангӣ мутахассисонро аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилояти Хатлон даъват мекарданд. Ҳоло бошад, дар бахш мутахассисони ҷавонро ба кор ҷалб кардаанд, ки дар ин кор ба онҳо озмуну чорабиниҳо, аз ҷумла Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии «Бӯстон-2018» кумак расонидааст.

Бо фароҳам омадани шароит кормандони бахши фарҳанг мақсад доранд, ки аз ҳисоби наврасону сокинони болаёқати ноҳия шогирдонро омода карда, ба коллеҷу донишкадаи санъат ҷалб ва дар оянда фаъолияти бахшро боз ҳам беҳтар намоянд.

 

Ширинҷон Сафарзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳ ...

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳ ...

Хабарҳо
Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Темурмалик. 8,4 миллион сомонӣ барои бунёди Қасри фарҳанг

Темурмалик. 8,4 миллион сомонӣ барои бунёди Қасри фарҳанг

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА