Дар як сатр
» » Дар Ховалинг боғи фарҳангӣ бунёд мегардад

Дар Ховалинг боғи фарҳангӣ бунёд мегардад

21-02-2019, 13:58

Дар чор ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд нест ва масъулон вазифадор карда шудаанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғҳои фарҳангӣ бунёд намоянд.

Дар ноҳияи Ховалинг то имрӯз боғи фарҳангӣ-фароғатӣ вуҷуд надорад, ки ин боиси нигаронии роҳбарияти кишвар ва сокинон гардидааст. Сокини ноҳия Шамсулло Салимов дар суҳбат чунин иброз дошт: Дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо ба маркази ноҳия меоем ва мутаассифона,  аз сабаби набудани боғи фарҳангӣ-фароғатӣ наметавонем бо худ фарзандону наберагонамонро биорем. Сокини дигари ноҳия Ҷамшеди Асомуддин низ аз набудани боғи фарҳангӣ – фароғатӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд: «Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия фаввораҳо ва аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ як боғи хурдакак барои кӯдакон сохта ба истифода дода шудааст, ки он ниёзи сокинонро қонеъ карда наметавонад. Хуб мешуд, агар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ зудтар бунёд карда шавад, то мо дар он истироҳат намоем».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рафъи ин камбудӣ ва муҳайё намудани шароити созгори истироҳат ба сокинон ва меҳмонон  тасмим гирифтааст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд намояд. Дар ин бора сармеъмори ноҳия Иноятулло Ҳоҷизода чунин гуфт: «Майдони умумии боғи фарҳангӣ ду гектарро ташкил менамояд ва барои 14 оилае, ки дар ин мавзеъ зиндагӣ мекарданд, дар ҷойи дигар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ хонаҳои нави истиқоматӣ  бунёд карда шудааст».

Иттилоъ дода шуд, ки боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ва фаввораҳо мавзеи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонон барои сайругашт ва истироҳат мегардад. Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Ширинҷон Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БУНЁДИ «БОҒИ ҶАВОНОН» ДАР ҚУБОДИЁН

Хабарҳо

БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо
«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА