Дар як сатр
» » 33 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

33 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

23-02-2019, 10:55

Дар миқёси вилоят 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 454, 3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо ба соҳаҳои маориф 6,9%, кишоварзӣ 10,9%, обу ирригатсия 12,5%, энергетика 25,4%, нақлиёт 41,2%-ро ташкил медиҳанд.

Ба иттилои Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, дар қаламрави вилоят ба маблағи 53489,5 ҳазор доллари ИМА сармоягузории мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Ёвон 16721,6, Сарбанд 12319, 6, Хуросон 2459,9 ва Данғара 21988,4 ҳазор доллари амрикоӣ рост меояд. Нишондоди воридоти сармояи хориҷӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1465044,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз тарафи соҳибкорон дар шаҳру навоҳии вилоят соли гузашта 195 адад биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бо сарфи ҷамъан 130,4 миллион сомонӣ сохта шуда, ба ин васила беш аз 671 ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст.

- Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 46 лоиҳаи сармоягузорӣ доир ба таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, коркарди пахта, пашму пӯст ва дигар иншоотҳои хусусияти истеҳсолидошта таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд, -афзуд Қ. Қурбонзода. - Аз ин ҳисоб 6 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10,9 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт ва лоиҳаҳои дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.

Ҳамзамон, таҳлили лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣнишон дод, ки дар вилоят аз ҳисоби лоиҳаҳои «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот», «Саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ», «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» ва «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои таъғирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал» ба 3 ҳазору 632 нафар соҳибкорону шаҳрвандони вилоят ба миқдори 7325,5 ҳазор доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Комрон Расулов,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тадбирҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ

Тадбирҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Амалӣ гардидани лоиҳаҳо соҳаҳоро пешрав мегардонад

Амалӣ гардидани лоиҳаҳо соҳаҳоро пешрав мегардонад

Иқтисоду тиҷорат
Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА