Дар як сатр
» » 530 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардид

530 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардид

22-02-2019, 09:17

Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли гузашта 332 тафтишу санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳо гузаронида шудааст. 

Дар нишасти хабарии Солеҳ Носирзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зикр шуд, ки ҳангоми санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи умумии 31698 793,6 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст, ки аз он 4 096 875,6 сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 2 676 482, 5 сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 4 629 940,2 сомонӣ изофанависӣ дар ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, 297 530,6 сомонӣ зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 9 968 376,3 сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ ва 10 029 588,4 сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо мебошад.

Дар рафти тафтишу санҷишҳо  аз маблағи умумии зарари ошкоршуда 26 011 343,4 сомонӣ рӯёнида шудааст, ки 82,1%-ро ташкил медиҳад. Аз он маблағи ба буҷет воридкардашуда 16 140 488 сомонӣ ва маблағи ба корхонаҳо барқароркардашуда 9 870 855 38 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар рафти тафтишу санҷишҳо ба буҷет ба маблағи 1 949 166 36 сомонӣ бақияпулиҳои андоз ворид карда шудааст.

- Ҳайати шахсии Раёсат пурзӯр намудани мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, дуздии моликияти давлатӣ  бо роҳи азхудкунӣ ва исрофкорӣ, саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, иқтисодиёти пинҳониро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ меҳисобад, - афзуд сардори Раёсат. - Дар соли 2018 баҳри ҳимояи манфиатҳои хизмати давлатӣ, моликият ва амнияти иқтисодии мамлакат 530 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва вобаста ба андоз ошкор гардид, ки аз ин ҳисоб 107 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад. Дар соли 2018 аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсат 176 адад парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва вобаста ба андоз ба пешбурд қабул шуда мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.

Инчунин, аз 176 адад парван-даҳои ҷиноятии ба пешбурд қабулшуда тафтиши 138 парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расонида шуда, 117 парвандаи ҷиноятӣ бо 304 лаҳзаи ҷиноят нисбати 153 нафар айбдоршавандаҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Коррупусия - хатари бузург

Коррупусия - хатари бузург

Ҳуқуқу амният

Санҷиш камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор кард

Ҳуқуқу амният
Агентии зиддикоррупсионии вилоят 511 ҷиноятро кушодааст

Агентии зиддикоррупсионии вилоят 511 ҷиноятро кушодааст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
5,8 миллион сомонӣ пули андозро рӯйпӯш кардаанд

5,8 миллион сомонӣ пули андозро рӯйпӯш кардаанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА