Дар як сатр
» » Шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ афзоиш ёфтааст

Шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ афзоиш ёфтааст

23-02-2019, 12:02

Соли 2018 дар қаламрави вилояти Хатлон теъдоди бонкамат ва пос-терминалҳо 43 адад афзуда, шумораи умумии онҳо то охири сол ба 582 адад расид. Шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ то ибтидои соли ҷорӣ 482 ҳазору 508 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба оғози соли 2018-ум 31074 нафар афзоиш ёфтааст.

Алиҷон Салимов, сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бақияи қарзҳои низоми бонкии вилоят дар соли 2018-ум 993,7 миллион сомониро ташкил дод. Аз он 84,2 фоиз қарзҳои пули миллӣ ва 15,8 фоиз қарзҳоро асъори хориҷӣ ташкил намуданд.

Дар соли 2018 ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ аз тамоми манбаъҳо ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1 146,4 миллион сомонӣ ҳисоб шуд, ки нисбати соли 2017 ба 215,0 миллион сомонӣ ё 23,1 % зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 28,56 % ва бо асъори хориҷӣ 17,38%-и солонаро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар соҳаи кишоварзӣ 50,5 миллион сомонӣ, соҳаи савдо ва тиҷорат 25,2 миллион сомонӣ, соҳаҳои саноат, нақлиёт, сохтмон дар маҷмӯъ 550,5 миллион сомониро ташкил доданд. Қарзҳои хурди додашуда дар соли 2018 дар муқоиса нисбати соли 2017 бо андозаи 235,7 миллион сомонӣ ё 29,6% афзуда, ба 1 032,6 миллион сомонӣ баробар шуд.

- Новобаста ба буҳрони ҷаҳонӣ фаъолияти низоми бонкӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ мегардад, ки ин натиҷаи пайгирӣ ва амалигардонии барномаи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар минтақаҳо мебошад, - гуфт А. Салимов.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Шумораи бонувони корманд дар низоми  бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Шумораи бонувони корманд дар низоми бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Иқтисоду тиҷорат
Ироаи қарзҳои хурд 28,2% кам шудааст

Ироаи қарзҳои хурд 28,2% кам шудааст

Хабарҳо
Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА